Саводнокии молиявӣ ва роҳҳои тақвияти он
Бахшида ба моҳи саводнокии молиявӣ ва Рӯзи илми тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрӣ бо иштироки намояндагони Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Бонки “Эсхата” таҳти унвони “Повышение финансовой грамотности и формирование финансовой культуры молодёжи” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Атоев Абдулфайз Абдуллоевич – намояндаи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд Сатторова Машҳурахон Иброҳимҷоновна – мутахассиси кор бо мизоҷони хурду миёнаи Бонки “Эсхата”, Ҷӯраева Нигина – мутахассиси кор бо мизоҷони хурду миёнаи Бонки “Эсхата”, Олимова Мадина – мутахассиси чаканаи Бонки “Эсхата”, Абдураҳимов Акмал – мутахассиси кор бо мизоҷони майда, Ҳошимова Шаҳнозахон – мутахассиси Бонки Эсхата, Негматова Ш. – сармутахассиси раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва рушди инноватсионии донишгоҳ, муовини декан оид ба таълими факултети молия ва андоз, дотсент Сафаров А., кулли устодони кафедраи забони русӣ ва донишҷӯёни бахши якум, дуюм ва сеюми факултети молия ва андози ДДҲБСТ ҳузур доштанд.
Чорабиниро мудири кафедраи забони русӣ, н.и.п., дотсент Негматова М.М. ифтитоҳ бахшид. Сипас, сухан ба намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд Атоев Абдулфайз Абдуллоевич дода шуд. Таъкид шуд, ки масъалаҳои молиявӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти муосир дахлдор аст ва саводнокии молиявӣ ба як маҳорати зарурии ҳаётӣ табдил ёфтааст. Зимни мулоқот кормандони бонк дар мавриди аҳамияту манфиати пасандоз, сарфаҷӯӣ ва истифодаи огоҳона аз манобеи молӣ бо донишҷӯён сӯҳбати басо ҷолиб гузарониданд.
Баъдан аз тарафи мутахассисони Бонки “Эсхата” викторина, саволу ҷавоб гузаронида шуд, ки дар ин маврид донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд. Донишҷӯёни курси 1- уми ихтисоси молия ва андоз низ аз таърихи пайдоиши пул, бонк ва намудҳои он донишу малакаи худро бо слайдҳо намоиш доданд.
Чорабинии мазкур ба рушди шавқу рағбат ва ҳавасмандии донишҷӯён ба гирифтани донишу малакаҳои нав дар соҳаи молия ва фарҳанги молиявӣ нигаронида шуда буд. Таваҷҷӯҳ ба панҷ принсипи асосии саводнокии молиявӣ – банақшагирии даромад ва хароҷот, пасандозҳо, қарзгирии оқилона, сармоягузории оқилона ва чӣ гуна муҳофизат кардани пулҳои худ аз қаллобони молиявӣ дар фазои рақамӣ нигаронида шуда буд.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиёни фаъол соҳиби тӯҳфаҳои хотиравӣ аз Бонки “Эсхата” гардиданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа