Баргузории даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар ДДҲБСТ

Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман!» доир гардид.
Озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум намоянд, роҳандозӣ шуда, аз рӯи номинатсияҳои композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн доир шуд.
Дар озмуни мазкур донишҷӯён – ғолибони даври факултетӣ байни ҳам рақобат намуданд. Гуфта мешавад, ки ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ буда, дар вақти иҷро таълифи асари мусиқӣ, шеър, суруд ва оҳанг, санъати тасвирӣ ба инобат гирифта шуданд.
Ғолибон қадршиносӣ хоҳанд шуд.

 Шуъбаи таҳлил ва робита ҷомеа

 

 

You might also like