ДДҲБСТ: Аҳамияти сиёсию байналмилалии Эъломияи Хуҷанд ва марҳилаи нави сиёсати сулҳофарии Пешвои миллат дар минтақа

26-уми апрели соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Сомон”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Аҳамияти сиёсию байналмилалии Эъломияи Хуҷанд ва марҳилаи нави сиёсати сулҳофарии Пешвои миллат дар минтақа» баргузор гардид.
Дар конференсия директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳбарият ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон иштирок намуданд.
Конференсияро Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода оғоз бахшида, доир ба аҳамияти сиёсию байналмилалии Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ, ки 31-уми марти соли 2025 аз ҷониби сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расид, сухан гуфт. Мавсуф нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими сулҳу субот ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ таъкид карда, иброз дошт, ки Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ натанҳо ҳуҷҷати сиёсӣ, балки паёми сулҳу дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ба тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аст.
“Имрӯз миллати тоҷик ифтихорманду сарфароз ва хушбахт аст, ки роҳбару роҳнамои хирадманду оқил, сулҳофару адолатпаноҳ, ғамхору меҳрубон, фарзанди фарзонаи миллат, абармарди таърих ва сиёсат – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дорад” – зикр дошт Ҷаҳонгир Салимзода – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд.
Сипас, Абдуллоҳи Раҳнамо – директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, коршиноси масоили сиёсӣ дар бораи аҳамияти Эъломияи Хуҷанд ҳамчун санади тақдирсоз, ки ба таърихи дипломатияи тоҷик саҳифаи нав кушод, маърӯза карда, дар бораи сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Тоҷикистон дар минтақа, ҳалли мусолиматомези муноқишаҳо ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ибрози андеша намуд. Таъкид гардид, ки Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ миёни кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистон дар шароити мураккаби геополитикӣ воқеаи беназири таърихӣ буда, барои таҳкими ваҳдати миллӣ, муносибатҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва соҳаҳои мухталиф дар минтақа нақши бузург мебозад.
Дар доираи конференсия иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифта, аз иқдоми пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд изҳори қаноатмандӣ ва миннатдорӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки конференсияи мазкур барои боз ҳам баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ ва тавсеаи фаъолияти илмии аҳли донишгоҳ мусоидат намуд.                                                              

                                                                                              Шуъбаи таҳлил  ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like