Баргузории даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП – 710, тибқи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат»  бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари донишҷўёну кормандон ба фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ аз рўи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин барои дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самтҳо дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон тибқи фармоиши ректор, таҳти рақами №08 аз 04.02.2025 ба тасвиб расида,  нақша-чорабинии донишгоҳ  бобати ташкил ва баргузор намудани озмуни мазкур тасдиқ гардид.

Тибқи нақша – чорабинии тасдиқгардида дар  донишгоҳ санаҳои 10-14.04.2025 даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯи маърифат»  аз рӯи номинатсияҳои физика ва астрономия, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, математика, география ташкил ва баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 150 нафар донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, байни ҳам рақобат варзиданд.

Мувофики натиҷаи санҷиш ва муайян намудани тафаккури техникии довталабон, баҳогузории аъзои ҳакамони даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз руи номинатсияҳои дар боло зикршуда, донишҷуёни беҳтарин ба даври шаҳрӣ роҳхат хоҳанд гирифт.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like