Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими давлатдории миллӣ

Имрӯз ҷиҳати иҷрои нақшаи муштараки баргузории силсилаи мулоқоту вохӯриҳои сохторҳои дахлдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар соли хониши 2024-2025 таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими давлатдории миллӣ” мулоқоти судманд бо донишҷӯёни факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар мулоқот намояндагони Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО дар вилояти Суғд, бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, сармуҳарири рӯзномаи “Саломат бошед” ва ҷонишини имомхатиби масҷиди Нури Исломи шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, доир ба пешгирии ҷудошавии оилаҳо, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, эмин будан аз бемориҳои сироятӣ, ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим, хониши хубу аъло, дӯст доштани Ватан, донистани таърихи аҷдодонамон ва ифтихор аз он ибрози ақида намуданд.

 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like