ДДҲБСТ: Хизмат ба Ватан мояи ифтихор аст

Бо дарки ин мафҳум ҳамасола хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон пас аз супоридани имтиҳоноти хатм ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста, қарзи ҷавонмардии хешро дар назди Модар-Ватан анҷом медиҳанд.
Имрӯз низ зимни як мулоқот беш аз 150 нафар хатмкунандагони факултетҳои донишгоҳ аз омодагии хеш баҳри хизмат ба Ватан шаҳодат доданд.
Муовини ректор оид ба корҳои таълими донишгоҳ Шероз Муминзода иброз дошт, ки бояд ҳар як ҷавонмарди синни даъватӣ ихтиёрӣ хизмат намояд.
Зеро ҳифзи Ватан, сарзамин ва хоки поки меҳан вазифаи муқаддаси ҳар ҷавонмард мебошад.
Дар чорабинӣ ҳамзамон роҳбарияти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд иштирок ва аз иқдоми донишҷуёни ДДҲБСТ истиқбол ва онро намунаи ибрат маънидод карданд.
Чанде аз донишҷӯён, ки ихтиёрӣ пас аз хатми донишгоҳ азми хизмат намудаанд, ибрози андеша карданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like