Таҷрибаомўзии таълимии донишҷӯён

Дар нимсолаи дуюми соли хониши 2024-2025, таҷрибаомўзии таълимӣ тибқи нақшаи таълимӣ барои донишҷўёни курси 2-юми ҳамаи ихтисосҳои донишгоҳ баргузор гардида истодааст.
Мақсади таҷрибаомӯзии таълимӣ аз он иборат аст, ки донишҷӯён бояд оид ба фанҳои тахассусӣ дониши назариявии худро мустаҳкам намуда, аз навгониҳои ихтисос маълумотҳои заруриро ҷамъ оваранд ва барои омода намудани ҳисоботи таҷрибаомӯзӣ маводҳо омода намоянд.
Имрўз донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси 1.25.01.04 – молия ва қарзи факултети молия ва андоз дар ҶСК “ Алиф Бонк” дар ш. Хуҷанд бо ҳайати кормандон, сохторҳо, тартиботи дохилӣ ва ўҳдадории касбии кормандони бонки мазкур шинос гардиданд.
Ҳадаф аз шиносоӣ, бозбинӣ дар ташкилотҳо такмили дониш, гирифтани тасаввуроти комилтари донишҷў дар бораи ихтисоси интихобкарда ва баланд бардоштани сатҳи донишомўзӣ, мустаҳкам намудани дониши назариявӣ, шиносоӣ бо сохторҳои корхона мебошад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like