САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва мустақил даҳаи сеюми худро пурра намуда, айни ҳол омодагии ҷиддӣ ва ҳамаҷонибаро барои ҷашнгирии 35-солагии хеш ба роҳ мондааст. Аз ҷумла лоиҳаҳои бунёдкории зиёде то ба ин ҷашни миллӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муҳим талаққӣ мегардад. Новобаста аз он, ки то ба имрўз корҳои назаррасе дар самти таҳкими истиқлолияти давлатӣ ба сомон расидааст, минбаъд низ тақвият бахшидани иқтидори кишвар ҳамчун мавзўи муҳим дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои таҳким бахшидани истиқлолияти давлатии кишварамон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд. Дар аксари суханрониҳои хеш Пешвои миллат ба ин масъала дахл намуда, дар сиёсати амалӣ низ чораҳои муассирро баҳри таҳкими истиқлолияти давлатӣ пиёда месозанд.
Тоҷикистон ҳамчун давлати ҷавон дар минтақаи ҳассоси геополитикӣ қарор дорад, ки масъалаи таҳкими истиқлолиятро муҳим мегардонад. Бар замми ин зуҳури ҳолатҳои буҳронӣ дар кишварҳои мухталифи собиқ шўравӣ масъалаи таҳкимбахшии истиқлолияти давлатиро рўзмарра гардонидааст. Аз ин рў, масъалаи ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ ва ҳифзи давлату давлатдории миллӣ дар шароити имрўз ҳамчун масъалаи аввалиндараҷаи миллӣ ва давлатии мо боқӣ мемонад. Мураккаб шудани ҳолати муносибатҳои байналхалқӣ ва осебпазир шудани истиқлолияти давлатҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ин масъаларо боз ҳам ҳассостар гардонидааст. Ин аст, ки мавзўи ҳифзи давлатдорӣ дар суханрониҳои Пешвои миллат ҳамчун ҳадафи аввалин ва муҳимтарини давлат дар марҳилаи оянда нишон дода шудааст.
Таҳкими истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз омилҳои мухталифе вобастагӣ дорад. Омилҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву маънавӣ, равонӣ ва ғайра дар ин фароянд заминагузор ва таъсиргузор мебошанд. Таҳкими истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама аз хосиятҳо ва ҳолати раванди бадастории истиқлолияти давлатӣ вобастагии амиқ дошт. Аслан барои бадастории истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби мардуми кишвар муборизаҳои ҷиддӣ сурат нагирифтааст ва танҳо қишри муайяни аҳолӣ барои он талош намудааст. Шояд аз ин ҷиҳат бошад, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ миёни аксари мардуми Тоҷикистон тафаккури истиқлолхоҳӣ ва қадрдонӣ аз ин неъмат ташаккул наёфта буд. Бар замми ин ҳолати бўҳронии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба дарку шинохти истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби мардум таъсири манфӣ гузошт. Тақвият наёфтани шуури истиқлолхоҳӣ ва ҳолати бўҳронии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ сабаби то як андоза дермонӣ дар самти таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шудааст. Раҳо ёфтани кишвар аз ҳолати бўҳронӣ як заминаи муҳим барои бақои давлатдории миллӣ ва таҳкими шуури истиқлолхоҳӣ гашт, ки дар ин фароянд нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас мебошад.
Масъалаи таҳкими истиқлолияти хеш барои ҳар як давлат як масъалаи бардавом ва ҳамешагӣ мебошад. Ҳар як давлат пайваста кўшиш бар он менамояд, то вобастагии худро аз субъектҳои дигари муносибатҳои байналхалқӣ кам намояд ва дараҷаи худкифоияшро боло барад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун давлати мустақил дар ин самт амал намуда, кўшишҳои назаррасе аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва хусусан Пешвои миллат ба харҷ дода шуда истодаанд, ки истиқлолияти давлатиамонро тадриҷан қавитар мегардонад.
Зикр намудан зарур аст, ки саҳми Пешвои миллат дар таҳким бахшидани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле назаррас мебошад. Нигоҳи Сарвари давлат ба масъалаи таҳкимбахшии истиқлолияти давлатӣ хеле васеъ ва фарогир аст. Чанд мисолҳоро инҷо меоварем, ки аз фарогир будани муносибати Роҳбарияти мамлакат дар самти таҳкими истиқлолияти давлатӣ дарак медиҳад.
Ташаккул ва тақвият бахшидани рукнҳои давлатдории миллӣ яке аз хизматҳои бузурги Пешвои миллат дар самти таҳкимбахшии истиқлолияти давлатӣ мебошад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расидаанд. Пеш аз ҳама кишвар аз ҳолати бўҳрони амиқи сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ берун оварда шуд ва вазъи муътадил дар умури давлатдории миллӣ фароҳам гардид. Хатари аз байн рафтани давлати миллӣ рафъ карда шуд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил ба зинаи рушди босуботи худ ворид гардид. Аз ин рў, расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ яке аз заминаҳои муҳими таҳкими истиқлолияти давлатӣ шинохта шудааст. Пешвои миллат ҳифзи ваҳдати миллиро ҳамчун шароити муҳим дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ медонанд. Шинохти Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ чун ду арзиши муҳими давлатдории миллӣ аз ҷониби Пешвои миллат пайванди ногусастании онҳоро нишон медиҳад. Воқеан, дар ҳама ҳолат, хусусан дар шароити имрўза ва дурнамои рушди кишвар ваҳдату ҳамбастагии мо метавонад ҳамчун заминаи муҳими таҳкими истиқлолият гардад. Танҳо дар шароити ҳифзи суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамбастагӣ мо метавонем соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро тақвият бахшем ва ба таҳкими истиқлолияти давлатӣ мушарраф гардем. Аз ин рў, ба ваҳдати миллӣ расидан, фазои суботу оромиро таъмин намудан яке аз заминаҳои бунёдии таҳкими истиқлолияти давлатии кишварамон мебошад, ки дар ин фароянд нақши Пешвои миллат хеле бузург аст. Албатта саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар самти таҳкими истиқлолияти давлатӣ хеле бузург аст ва онро метавон дар кулли фаъолиятҳои созанда ва бунёдкоронаи сарвари давлат мушоҳида намуд. Ҳар як фаъолияти Пешвои миллат чун гузоштани хиште дар таҳкими бинои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст. Аз кўмаку дастгирии шаҳрвандони алоҳида то ба ташаббусҳои сатҳи байналхалқӣ ҳама ба хотири таҳким бахшидани истиқлолияти кишвар равона карда шудаанд. Аз ин рў, мо тасмим гирифтем чанде аз дастовардҳои муҳимро дар самти таҳкими истиқлолияти давлатӣ номбар намоем, ки натиҷаи хизматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд:
– наҷоти давлатдории миллӣ аз бўҳрони сиёсӣ, ки ба ҳастии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналхалқӣ таҳдид менамуд;
– ҳифзи ягонагӣ ва якпорчагии Тоҷикистон;
– ташаккул ва тақвият бахшидани ниҳодҳои давлатӣ ва мустаҳкам намудани заминаи ниҳодии давлатдории миллӣ;
– таъмини амният ва суботи кишвар чун заминаи рушди дигар соҳаҳои муҳимми ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ;
– бунёди Артиши миллӣ ва тадриҷан боло бурдани иқтидори он;
– муайян намудани самти сиёсии рушди кишвар ва боло бурдани худшиносиву худогоҳии мардуми кишвар (тақвият бахшидани рўҳияи истиқлолхоҳӣ);
– ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо субъектҳои мухталифи байналмилалӣ ба хотири рушди Тоҷикистон;
– тадриҷан беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳолии кишвар;
– амалӣ намудани лоиҳаҳои зиёди бунёдкориву созандагӣ дар соҳаҳои мухталиф ба хотири рушди иқтидори кишвар ва ғ.
Инчунин чор ҳадафи стратегӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат ба роҳ монда шудааст: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвар қадамҳои муҳим дар рушди худкифоии кишвар ва таҳкими истиқлолияти давлатии он шинохта шудаанд.
Зиёда аз ин Пешвои миллат ба ҷиҳатҳои мухталифи таҳкими истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳи хешро равона намудаанд. Якчанд аз ин ҷиҳатҳоро зикр менамоем, ки воқеан барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ муҳим мебошанд. Сарвари давлат дар таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон фаъол будани ҳамаи қишрҳои аҳолии кишварро зарур мешуморанд. Ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои онро вазифаи ҷонӣ, масъулияти виҷдонӣ ва қарзи имонии ҳар як фарди бонангу номуси миллат медонанд. Барои таҳкими дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ташаккули инсони солиму донишманд, мутахассиси сатҳи баланд ва ташаббускору бунёдкор муҳим дониста мешавад. Аз ин рў, дар шароити имрўза ҳамаи мо вазифадор ҳастем, ки дар таълими мутахассисони соҳибихтисос ва меҳанпараст саҳмгузор бошем ва бо ин васила дар таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мусоидат намоем.
Агарчанде то ба имрўз корҳои зиёде дар самти таҳкими истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шудаанд, аммо то ба ҳол ин масъала ҳалталаб боқӣ мемонад. Аз ин рў, зарур мешуморем, ки мунтазам осебшиносии истиқлолияти давлатии кишварамон сурат гирад, то мушкилоти хатарзо ба он ошкор ва рафъ гардад. Дар шароити имрўза ҳатто кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ рушдёфта низ аз таҳдиду хатарҳои мухталиф ба истиқлолияти давлатияшон орӣ нестанд. Аз ин рў, барои ҷомеаи мо низ зарур аст, ки ҳамеша истиқлолияти давлатиамонро вобаста ба чигунагии рушди соҳаҳои мухталифи кишвар ва ҳамчунин эҳтимолияти зуҳури мушкилоти мухталиф осебшиносӣ намоем. Бархўрдҳои геополитикии олами муосир, рушди тундгароӣ ва терроризм, таъсири рўзафзун пайдо намудани ҷинояткории муташаккилонаи байналхалқӣ, дар заминаи технологияи иттилоотии муосир тақвият пайдо намудани ҷангҳои иттилоотӣ, эҳтимоли зуҳури ҳар гуна бўҳронҳо ва низоъҳои мусаллаҳона, рушди нобаробарии иҷтимоӣ, хатарҳои алоқаманд бо раванди ҷаҳонишавӣ ва ғ. метавонанд таҳдиди эҳтимолиро ба истиқлолияти кишварҳои мухталиф аз он ҷумла Тоҷикистон ба миён оваранд. Аз ин рў, барои таҳкими истиқлолияти кишварамон чанде аз тавсияҳоро ироа менамоем:
– рушди тафаккури давлатӣ (давлатмеҳварӣ) миёни аҳолии кишвар. Муҳим аст, чунин тасаввуроте дар ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон шакл гирад, ки тақдири миллати ў, тақдири худи ў, сарнавишти пайвандонаш ва ҳамватанонаш пайванди ногусастанӣ бо таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти он дорад. Танҳо дар сурати дарки ҳиссӣ, иттилоотӣ ва ақлии ин масъала фард метавонад давлатро ҳамчун арзиши аввалиндараҷа донад ва ҳифзу бақои онро дар афзалият қарор диҳад;
– ҳушдор додани мардум ва хусусан қишри ҷавони аҳолии кишвар аз хатари тафаккури ифротӣ ва гурўҳҳои тундгарою террористӣ. Зарур аст, миёни мардум чунин фаҳмише тақвият пайдо намояд, ки зуҳуротҳои зикршуда ба миллату ватани ў, ба зиндагии осоиштаи ў ва пайвандонаш, ба манфиатҳои шахсӣ ва ҷамъиятӣ чи хатарҳои эҳтимолӣ дошта метавонад;
– огоҳ намудани мардум аз ҷангҳои иттилоотӣ ба хотири пешгирӣ аз таъсири субъектҳои хориҷӣ ва манфиатхоҳ ба субот ва амнияти кишвар, ки дар ҳар давру замон чун шароити муҳимми рушди давлати миллӣ дониста мешаванд;
– муқовимати ҷиддӣ ва таҳаммулнопазирона бо ҳаргуна зуҳуротҳои таҳдидкунанда ба рушди давлати миллӣ, хусусан бо коррупсия, гардиши маводи мухаддир, фурўши яроқу аслиҳа ва дигар ҷиноятҳои муташаккилона;
– дастгирии давлатии ҳамагуна лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар, хусусан авлавиятбахшӣ ба саҳмгузории шаҳрвандони кишвар дар самти рушди иқтисодиёти миллӣ. Зарур мешуморем, ки ба сармоягузории дохилӣ таваҷҷўҳи бештар карда шавад ва имтиёзҳои бештар ба сармоягузорони дохилӣ пешниҳод гарданд.
– дар заминаи рушди иқтисодӣ беҳтар намудани ҳолати таъминоти иҷтимоии шаҳрвандони кишвар. Зарур мешуморем, ки ба лоиҳаҳои тавонбахшии қишрҳои мухталифи аҳолӣ дар кишвар таваҷҷуҳи зарурӣ равона карда шавад. Таваҷҷуҳ додан ба амалишавии адолати иҷтимоӣ дар кишвар ва боло бурдани индекси (нишондоди) хушбахтии инсон ва шаҳрванд дар Тоҷикистон метавонад заминаи иҷтимоии таҳкимбахшии истиқлолияти давлатӣ гардад.
Н.и.с., сармуаллими кафедраи сиёсатшиносӣ
Солиев Шарофиддин Холович