Экстремизм ва терроризм
Имрӯзҳо дар шароити ҳассосу таҳаввулпазири низоми ҷаҳонӣ таҳдиду талошҳо ба амну суботи ҷомеаи башарӣ ба таври бесобиқа ва бо шаклу гунаҳои мухталиф боло мегирад. Ҷаҳони муосир бо як қатор мушкилоту муаммои ҷиддӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ, ифротгароии сиёсӣ ва мазҳабӣ, қочоқи маводди мухаддир, харид фурӯши аслиҳа ва ғайра рӯ ба рӯ шуда, дар натиҷа дар иддае аз кишварҳо на танҳо оромишу субот, балки тамомияти арзӣ ва мавҷудияти онҳо таҳти суол қарор гирифтааст. Дар ҳакиқат, тарроризм ва экстремизм имрӯзҳо ҷаҳонро ба такон оварда, боиси нигаронии оламиён гаштааст.
Терроризм ва ҳаракатҳои террористӣ таърихи тӯлонӣ дошта, маънои тарсу ҳарос ва даҳшатро мефаҳмонад. Ифротгароӣ ё худ экстремизм вожаи лотинӣ буда, раванде мебошад, ки ҷонибдори усулҳои фаъолият ва ақидаҳои ифротӣ, ки аз тарафи ҳизбҳо созмонҳо, гурӯҳҳо ва ҳатто баъзе давлатҳо дастгирӣ карда мешаванд.
Умуман ифротгароӣ ин бо роҳи истифодаи яроқ, куштор ба чизе ноил шудан аст. Ифротгароӣ ё терроризм ин яке аз шакли тарсонидани мардуми осоишта бо роҳу воситаҳои гуногун, ба мисли куштор, тарконидани ҳавопаймоҳо, автобусҳо ва ғайраҳо мебошад.
Теророризм якхел нест, доим тағйир меёбад. Рӯз то рӯз инкишоф меёбад, васеъ паҳн мешавад. Амалии ин гурӯҳҳои ифротӣ набарде мебошад, ки хати муайяни ҷабҳа надорад ва ин барои ҷаҳони имрӯза хатарзо мебошад. Дар он ҷое, ки низою хунрезист, муҳоҷирати беназорат, фарқу бенавоӣ ва аз ҳама бадтар терроризм ва даҳшатро ба бор меоварад.
Ҷавононе, ки донишу ҷаҳонбинии васеъ доранд, ҳаргиз ба доми фиреби чунин таблиғгарони манфиатҷӯ намеафтанд. Афсӯс, ки дар ин давраҳои ҳассос маънавиёти аксари ҷавонон коста гардида, ҳаёти худ ва оромии волидайнро зери хатар мегузоранд. Бегонапарастӣ низ яке аз омилҳои муҳими паҳншавии экстремизми динӣ мебошад (пӯшидани либос, мондани риш, амалҳои ба мазҳаб бегона ва ғ).
Ҷавонони имрӯзаро ба он даъват мекардам, ки зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд ва ба доми фиреби хоҷагони бурунмарзӣ ва ҳар гуна ашхос, ки дар зери ниқоби динӣ касро гумроҳ менамоянд, нафароянд.
Барои ояндаи дурахшони давлату миллат, ононро лозим аст, ки илму дониш, касбу ҳунар омӯзанд ва барои тарбияи насли худогоҳу ватандӯст равона карда шаванд.