ДДҲБСТ: Стратегияи рушди муассисаҳои олӣ дар замони муосир
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ташаббуси раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва рушди инноватсиони донишгоҳ аз ҷониби мутахассисони бизнес-таҳсилот Бизнес мактаби олии Донишгоҳи Алмаато, Ҷумҳурии Қазоқистон – Гулнора Куренкеева- PhD, ректори Донишгоҳи Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон, аъзои шуърои машваратӣ оид ба аккредитатсияи Ассотсиатсияи AMBA (Британияи Кабир), дорандаи ҷоизаи CEEMAN CHAMPION AWARDS 2021, Султанбек Шоман- н.и.т., дотсенти иқтисодиёти КОА Ҷумҳурии Қазоқистон, асосгузори “Modern Institute of management”, омӯзгори Бизнес- мактаби олии Донишгоҳи Алмаато, Мадина Билялова – бизнес-тренер, муаллиф ва барандаи рубрикаи «Равандшиносии муваффақият» дар радиои businessfm Қазоқистон омӯзгори Бизнес- мактаби олии Донишгоҳи Алмаато дар мавзуъҳои “Стратегияи рушди донишгоҳ дар асри XXI, Роҳҳои ҷалби довталабон ба мактаби олӣ бо воситаи тарғиботу ташвиқот ва Донишгоҳ ҳамчун маркази рушди минтақавӣ” мастер-класс баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур сардорони сохторҳои раёсатҳо, мутахассисон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд фаъолона иштирок намуданд. Ҳадафи асосии ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур – шиносоӣ ба равандҳои нав дар таҳсилоти олии касбӣ, омода намудани омӯзгорон ва донишҷӯён барои ворид шудан ба рейтинги донишгоҳҳои бануфузи ҷаҳон TOP-1000 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад.
Чорабиниро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Бобоҷониён Даврон Дадоҷон бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуд. Сипас, Раиси Академияи менеҷмент ва бизнеси назди Ассотсиатсияи миллии менеҷерон ва маркетологҳо доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Бозоров Шавкат Шарипович дар мавзуи “Равияҳои глобалӣ дар мактаби олӣ” ва “Трансформатсияи рақамӣ ва ворид намудани навовариҳо”, ректори Донишгоҳи Алмаато, Ҷумҳурии Қазоқистон, аъзои шуърои машваратӣ оид ба аккредитатсияи Ассотсиатсияи AMBA (Британияи Кабир), дорандаи ҷоизаи CEEMAN CHAMPION AWARDS 2021 Гулнора Куренкеева, дар мавзуи “Ҳамкорӣ донишгоҳҳо бо соҳаи тиҷорат ва сохторҳои давлатӣ”, н.и.т., дотсенти иқтисодиёти КОА Ҷумҳурии Қазоқистон, асосгузори “Modern Institute of management”, омӯзгори Бизнес- мактаби олии Донишгоҳи Алмаато Султанбек Шоман дар мавзуи “Рушди фарҳанги идоракунии соҳибкорӣ дар донишгоҳҳо” ва “Стратегияҳои самараноки ҷалби донишҷӯён”, бизнес-тренер, муаллиф ва барандаи рубрикаи «Равандшиносии муваффақият» дар радиои businessfm Қазоқистон омӯзгори Бизнес- мактаби олии Донишгоҳи Алмаато Мадина Билялова дар мавзуи “Донишгоҳ ҳамчун муҳаррики рушди минтақавӣ” баромад намуда, ба иштирокчиён оид ба таҷрибаи худ маълумот доданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа