МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО ХОДИМИ ДАВЛАТИЮ ҶАМЪИЯТӢ МУСОЕВА РАФИҚА ГАНИЕВНА

Санаи 3-юми апрели соли 2025 мулоқоти ходими давлатию ҷамъиятӣ, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ Мусоева Рафиқа Ганиевна бо омӯзгорону донишҷӯёни факултети технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ доир гардид. Мулоқот таҳти унвони «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот» баргузор гардид.
Дар мулоқот декани факултети технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хоҷаева Дилрабохон Абдусамадовна суханронӣ намуда, нахуст меҳмонони олиқадрро муаррифиву хайрамақдам намуданда иброз доштанд, ки имрӯз бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони биҳиштосои мо торафт зебову шукуфон гашта, ба шаҳрвандонаш шароити хуби кору фаъолият ва зиндагонии осоиштаро фароҳам овардаанд.
Дар идомаи мулоқот муовини ректор оид ба корҳои таълими донишгоҳ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Муминзода Шероз Абдуҷаббор суханронӣ намуда, доир ба шоҳкориҳои Пешвои муаззами миллат ибрози ақида намуда, зикр намуданд, ки имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳо бахусус соҳаи иҷтимоӣ пешравиҳои назаррас ва махсусан таваҷҷуҳи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ба назар мерасад. Дар сиёсати пешгирифтаашон мақоми омӯзгор ва илмро баланд бардошта, дар соҳаи маориф бо сохта ба истифода додани биноҳои наву замонавии таълимӣ ва ворид намудани васоити таълимии муосир, таҷҳизоту технологияҳои таълимӣ ва ғайра ба илми тоҷик таккони наве доданд.
Сипас сухан ба ходими давлатию ҷамъиятӣ Рафиқа Мусоева дода шуд, ки роҷеъ ба даъвати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоб гаштани Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чандин лаҳзаҳои таърихиву сиёсии он замон ибрози андеша намуданд. Инчунин доир ба баъзе масъалаҳои минтақавӣ ва дар бораи таҳкими муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷи дуру наздик, нақши Пешвои миллат дар он ва бештар ошно кардани аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ аз дӯстии халқи тоҷик табодули афкор намуданд.
Тавре номбурда дар идомаи суханронии худ иброз доштанд, даъвати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд ва интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 ноябри соли 1992 дар ин иҷлосияи тарихӣ, ташаббуси тақдирсозе гашт, ки маҳз аз ҳамин лаҳза оғози роҳи душвори сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва расидан ба истиқлолияти ҳақиқӣ шурӯъ мешавад. Роҳбари давлат он замон на танҳо роҳбарии як давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, балки вазифа ва масъулияти сангини наҷотбахши миллат ва давлати тоҷикро низ ба дӯш гирифтанд.
Ҳидоятҳояшон, даъваташон, хоҳишу дархосташон сулҳ буд, дӯстӣ буд, якпорчагӣ буд, наҷоти миллат буд, талошашон барои гирифтани пеши роҳи хунрезӣ буд.
Дар вохӯрӣ муаллима зикр доштанд, ки мо мардуми Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолиятро ҳифз карда, ба сулҳу ваҳдат расидем. Ҷанги шаҳрвандӣ хатари нобудиро ба миён овард, вале Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар соли 1992 роҳи сулҳро боз кард. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари нав масъулияти наҷоти миллатро ба дӯш гирифт ва бо иродаи қавӣ ба сулҳ ноил шуд. Бо ташаббуси ӯ рамзҳои давлатӣ қабул шуданд, Қонуни асосӣ ба раъйпурсӣ гузошта шуд ва музокироти байни тоҷикон оғоз ёфт. Соли 1997 созишномаи сулҳ имзо гардид, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид.
Муаллима таассуроти худро доир ба пешрафту рушди Тоҷикистон дар марҳилаи навин мусбат арзёбӣ намуда, зикр доштанд, ки наврӯзи байналмилалии соли 2025 дар шаҳри бостонии Хуҷанд бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистон ба як руйдоди таърихӣ дар таърихи муосири минтақа табдил ёфт.

Дар заминаи фазои тантанавии идона, сарварони се давлат на танҳо ҷашни ҳазорсолаи Наврӯзро бо ҳам истиқбол гирифтанд, балки масъалаҳои муҳимми сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангиро баррасӣ ва ҳал намуданд. Ҳадафи мақола арзёбии чорабиниҳои баргузоршуда, аҳамияти сиёсиву фарҳангии онҳо ва дурнамои ҳамкории се кишвари ҳамҷавор дар партави ин рӯйдод мебошад.
Имзои санадҳои мазкур ва мулоқоти сеҷониба дар Хуҷанд дорои аҳамияти сиёсист ва паёмадҳои он дар чандин самт барои минтақа қобили мулоҳиза мебошанд. Аз назари стратегию сиёсӣ, ин рӯйдод марҳалаи нав дар равобити Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистонро оғоз намуд, ки бо се мафҳум хулоса мешавад: сулҳи устувор, эътимоди мутақобила ва ҳамгироии фарогир.
Дар анҷоми мулоқот иброз гардид, ки баргузории чунин вохӯриву суҳбатҳои озод, бо мақсади таҳкими пояҳои сулҳу осоиштагӣ, дӯстиву рафоқат, муҳаббату садоқат ба давлату миллат, арҷ гузоштан ба арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, пуштибонӣ аз сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи давлату ҳукумат, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ватанпарастӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, террористию экстремистӣ, пешгирии хурофоту бегонапарастӣ, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа, баланд гардидани маърифати ҳуқуқии омӯзгорону донишҷӯён, ҳамзамон решакан намудани кирдорҳои ғайриахлоқӣ дар байни ҷавонон хоҳанд шуд.
Мулоқот дар фазои дӯстона доир гардид.

 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

You might also like