ДАР ҲОШИЯИ САФАРИ СУЛҲОФАРИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН

Тоҷикистон ҳамчун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишвари сулҳҷуй ва сиёсати созандаи худро аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи сулҳу дӯстӣ ва ҳамдилӣ бо ҳама кишварҳо ба роҳ монда дар байни миллатҳои ҷаҳон шинохта шудааст.

Бозкушоии гузаргоҳҳои марзии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамчун рӯйдоди муҳиму тақдирсоз бори дигар тасдиқи миллати сулҳпарвар ва амнхоҳ будани тоҷиконро собит сохт, ки бо сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров, ҳамчунин бо иштироки роҳбарони вилояту шаҳрҳо ва сокинони шаҳру деҳоти наздимарзии ҳарду кишвар баргузор гардид.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми рӯзҳои 12-13 марти соли 2025 ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафари давлатӣ анҷом доданд, ки ин сафар барои ҳар ду давлати ҳамсоя саҳифаи нави таърихӣ ва барои рушду густариши муносибатҳои дипломатии минбаъда байни Тоҷикистону Қирғизистон, беҳсозии иқтисодиёт ва шароити зисти мардуми ҳар ду кишвар, ривоҷи ҳамкориҳои фарҳангиву ҳунарӣ ва ниҳоят баҳри таҳкими сиёсатҳои сулҳҷӯёна ва дипломатияи бародарӣ, шарикии стратегӣ роҳи навро кушод.

Воқеан, кушодашавии марз барои мардуми ҳам тоҷик ва ҳам қирғиз хеле муҳиму фараҳбахш аст, зеро тоҷикону қирғизон аз қадимулайём бо ҳам равобити дӯстӣ доштанд, дар паҳлӯи ҳамдигар рушд намуданд, дастгири ҳамдигар буданд.

Бояд гуфт, ки тоҷикону қирғизон бо ҳам на танҳо риштаи дӯстӣ, балки пайванди хешу таборӣ низ доранд, ки ин раванд натиҷаи дар фазои дӯстиву рафоқат ва ҳамдигарфаҳмиву боварӣ зиндагӣ кардани ду қавму миллати гуногунзабон дар як макон ба вуҷуд омадааст. Аз ин лиҳоз, ин рӯйдоди муҳимро сокинони ҳарду кишвар бо фараҳу шодмонӣ истиқбол гирифтанд.

Дӯстиву бародарӣ миёни мардуми Тоҷикистону Қирғизистон дорои таърихи тулонӣ ва решаҳои устувор буда, боз гардидани марзҳо байни Тоҷикистону Қирғизистон пас аз фасли мушкилоти ҷойдоштаи марзӣ бо ибтикори наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров рӯйдоди муҳим ва умедбахши таърихӣ барои мардуми ду кишвар ба ҳисоб меравад.

Имрӯз на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки тамоми мардуми ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сулҳофар, кафили сулҳу ваҳдат дар ҷомеаи башарӣ менигарад. Ин аст, ки дар Тоҷикистони имрӯза ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон маънои васеътар аз ҷонибдорӣ аз Сарвари давлатро гирифтааст, ҷонибдорӣ аз Пешвои миллат ба маънои ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, аз истиқлолияти сиёсӣ ва фикрии миллат, аз низоми давлатдорӣ, аз суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад. Зеро сиришти мардумӣ, эҳсоси худӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Эмомалӣ Раҳмон қалби ҳар шаҳрвандро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардо, ба ояндаи фарзандони худ ва ба дурнамои давлату миллат менамояд.

Пояндаву ҷовид бод сулҳу дӯстӣ миёни халқҳои тоҷику қирғиз ва тамоми халқу миллатҳои ҷаҳон.

Шамсиев Ф.К.

дотсенти кафедраи менеҷмент

 

You might also like