РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ ВА МУММОҲОИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ
Дигаргуниҳои куллӣ дар сохтори геополитикии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тағйироти системаи иҷтимоӣ – сиёсӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷаҳони муосир тадриҷан ба давраи сифатан нави тараққиёт ворид мегардад. Падидаи возеҳи муосири ҷаҳонишавӣ ба ақидаи баъзе олимон «натиҷаи револютсияи иттилоотӣ – телекоммуникатсионӣ», ба вуҷуд омадани «тамаддуни нави умумиҷаҳонӣ» ба ҷои «ҷаҳони аврупоитабор» маҳсуб меёбад. Зери мафҳуми глобализатсия васеъшавӣ ва жарфтаршавии муносибатҳои иҷтимоӣ ва ниҳодҳо, дар фазо ва вақт фаҳмида мешавад. ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки аксари муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ маданӣ ва сиёсӣ характери умумиҷаҳонӣ касб намояд.
Ҷаҳонишавӣ дар худ имкониятҳои бузурги пешрафт ва дар айни замон таҳдидҳои ҷиддиро ба ҳаёти башарият омезиш додааст. Президенти ҶТ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки дар шароити мушаххаси таърихии Тоҷикистон раванди ҷаҳонишавӣ ва тамоюлоти ба он пайванд бинобар якчанд омилҳо (…) ба сарнавишти Тоҷикистон ва мардуми тоҷик таъсири дарозмуддати манфӣ дошта метавонад. Аз ҷумла: ҷаҳонишавӣ – дар баробари манфиат ба воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистони муосир тадриҷан таъсири амиқи манфӣ мерасонад ва ба амнияти фазои иттилоотии кишвар таҳдид ба амал меоварад. Чунин таъсири манфӣ ва таҳдиди раванди ҷаҳонишавӣ ба шуур ва маънавиёти ҷомеа тавассути васоити ахбори оммавӣ, ки дорои нерўи бузурги таъсиррасонанда аст, эҳсос мегардад.
Дар замони муосир барои ҳар як мамлакат таъмини бехатарии иттилоотӣ муаммои муҳиме гаштааст. Тоҷикистон, чун Руссия ва мамолики дигар дар соҳаи амнияти иттилоотӣ сиёсати хешро дорад. Вай пеш аз ҳама мутобиқи манфиатҳои миллии худ Консепсияи амнияти иттилоотиро таҳия менамояд. Дар ин ҷода ҷумҳурии мо бо Россия тафоҳуми пурра дорад. Президенти мамлакат Э.Раҳмон дар мусоҳиба бо хабарнигори рўзномаи «Труд» боэътимод таъкид карда буд, ки «дар мо кайфияти зиддирусиягӣ мавҷуд нест». Аз ин лиҳоз, ҳар ду давлатро зарурат нест, ки барои амнияти иттилоотии хеш чораҳои зидди якдигар андешанд.
Дар ҳифзи рушди фазои ягонаи информатсионӣ ва фарҳангӣ, ки омили асосии амнияти иттилоотист, васоити ахбори умум роли бузург мебозанд. Ин бешубҳа омили мусбии суботи сиёсии Тоҷикистон низ мебошад. Зикр кардан бамаврид аст, ки солҳои охир зидди Тоҷикистон ҷанги информатсионӣ вусъат гирифтааст. Баъзе аз расонаҳои хабарии Руссия, Ўзбекистон ва дигар давлатҳо ҷумҳурии моро ба таври сохта чун «минтақаи муташанниҷ» ва чун кишвари таъминкунандаи маводи мухаддир нишон дода, эътибору нуфузи онро паст заданӣ мешаванд. Дар аксари барномаву мақолаҳои онҳо танҳо қочоқгарони тоҷикистонӣ паҳнкунандагони ин мавод ба Руссия ва мамолики Аврупо арзёбӣ мегарданд. Аммо мутобиқи маълумоти ташкилотҳои байналхалқӣ ба Россияву Аврупо нисбат ба Тоҷикистон дида, аз Ўзбекистон ва Туркманистон маводи мухаддир бештар таҳвил мешавад.
Суханони таҳқиромези баъзе аз сиёсатмадорони Руссия, наворҳои пасткунандаи шаъни тоҷикистониён боиси эътирозу бадбинии ин мардум шуданаш аз эҳтимол дур нест. Бинобар он, ки ташвиқоти зидди тоҷикӣ дар васоити ахбори оммаи ин кишвар бартараф сохта шаванд, бояд мўҳтавои иттилоот нисбати Тоҷикистон дар шабакаи телевизионии Россия аз тарафи худи журналистони телевизиони тоҷик таҳия карда шаванд.
Бояд байни Тоҷикистону Ўзбекистон чун пештара пахши дуҷонибаи теле-радиобарномаҳо ба роҳ монда шавад. Ин қадамест барои бунёди фазои ягонаи иттилоотӣ дар минтақа.
Бояд гуфт, ки нисбати амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиди хафви дохилӣ низ имконияти пайдо шудан дорад. Нерўҳое, ки зидди сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ҳастанд, дар кишвари мо мавҷуданд. Онҳо аз фазои холии иттилоотии мамлакат моҳирона истифода намуда маълумоти харобсоз, нобоваронаро паҳн менамоянд. Барои дастоварии маълумот аз тарафи журналистони дар муассисаҳои давлатӣ монеаҳо кам нестанд. Ин аст, ки далелҳои коррупсия, аз мансаб сўйистеъмолкунии ходимони давлативу ҳукуматӣ ошкор намешаванд.
ВАО-и электронии ҳамсоядавлатҳо дар минтақа босуръат ва пурмаҳсул рушд менамояд ва фазои холии иттилоотии Тоҷикистонро бомуваффақият фаро мегирад. Аз ин нуқтаи назар ҷаҳонишавии ВАО ва рушди технологияи нави электронӣ (интернет) имрўз аз тарафи ВАО-и хориҷӣ проблемаи экспансияи фазои иттилоотии ҷумхуриро тавлид сохтааст.
Проблемаи экспансияи ВАО-и хориҷӣ, хусусан дар ноҳияҳои сарҳадии ҷмҳурӣ ба вуҷуд омадааст. Масалан, фазои иттилоотии ноҳияҳои Исфара ва Конибодомро якбора якчанд шабакаву барномаҳои телевизиони ўзбекистон ба мисли «Ўзбекистон» (шабакаи 1-уми телевизиони Ўзбекистон), «Ёшлар», телевизиони Андиҷон, Фарғона, Намангон, Марғилон ва ТВ Қирғизистон фаро мегирад. Дар баробари ин 70-ҳазор аҳолии ҷамоаҳои калонтарини Исфара – Чоркў ва Ворух телевизиони тоҷикро имконияти истимоъ надоранд. Дар вилояти Суғд, умуман 15 шабакаи телевизион ва 6-7 радиостансияҳои хориҷӣ (асосан Ўзбекистон) пахш мегардад. Вақтҳои охир фаъолияти ВАО-и ҷумҳурии ҳамсоя дар вилояти Хатлон (ноҳияҳои Шаҳритуз ва Турсунзода) вусъат ёфтааст. Ғайричашмдошт мавқеи телевизиони тоҷик дар ВАБК ба ҳисоби фоиз 99,3 фисад, телевизиони Россия 79%, “Сафина” 41% фазои иттилоотиро ташкил медиҳад. Телевизиони навтаъсиси «Сафина» доираи пахши телевизиони рақиби хеш – «Россия»-ро танг намудааст.
Бархе аз олимон ақида доранд, ки вазъи хосилшуда ва афзоиши таъсири ВАО-и хориҷӣ ба афкори умум дар аксар маврид ба амнияти иттилоотии мамлакат метавонад таҳдид ба бор оварад. “Тибқи мафҳуми амнияти иттилоотии ҶТ ҳолати хифзшавандагии манфиатҳои миллӣ дар соҳаи иттилоот бо назардошти манфиатҳои баробари шахс, ҷомеа ва давлат фаҳмида мешавад”.
Вақтҳои охир дар саҳифаҳои Интернет “ҷангҳои иттилоотӣ” бар зидди барномаҳои калонҳаҷми энергетикӣ ва металургии тоҷик иншо шуда танҳо падидаҳои аввалини таҳдид мебошад.
Интернет дар кишвари мо на ба ҳама дастрас аст ва доираи васеи хонандагонро соҳиб нест. Вале дар ҳолати бар зидди Тоҷикистон истифода гардидани “яроқи зўр” – телевизион ва радио таъмини амнияти иттилоотӣ бешак проблема хоҳад шуд. Дар сиёсатшиносӣ мафҳумҳои «гегемонизми иттилоотӣ», «таъсири иттилоотӣ»[i], “ҷанги иттилоотӣ”[ii] васеъ истифода мешавад.
Ин ҷо бояд ҷанги иттилоотӣ дар барномаҳои телевизиони Россия бар зидди Юшенко ва Саакашвилии номақбул мавриди зикр шавад. Вакте ки Президенти Белорусия Лукашенко муқобили “Газпром” баромад намуд, ў низ мавриди ҳуҷуми иттилоотӣ қарор гирифт. Дар чунин маврид тасаввур кардан мумкин аст, ки ВАО-и хориҷӣ Тоҷикистонро дар кадом вазъ қарор хоҳад дод.
Баҳри таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон ва дифоъ аз экспансияи иттилоотии кишварҳои хориҷӣ чӣ бояд кард? Пеш аз ҳама бояд ба рушди васоити ахбори оммавии ҷумхурӣ мусоидат кард ва фазои холии иттилоотии саросари кишварро пур намуд. Таи 3 соли охир дар Тоҷикистон танҳо як радиостансия ва ду шабакаҳои телевизиони давлаӣ ба фаъолият шурўъ намуд. Вақти он расидааст, ки ба рушди ин соҳа таваҷҷўҳу маблағгузории хусусии дохилиро равона кард. Яке аз мушкилоте, ки дар пеши роҳи инкишофи ВАО меистад, масъалаи литсензия мебошад. Барои дастрас намудани литсензия кулли мамониятхоро рафъ намуда, ба мақсади дастёрии ин соҳаи бизнес (тиҷорат) системаи имтиёзҳоро муҳайё сохтан зарур аст.
Солҳои охир аксар мамлакатҳои дунё кўшиши сохтани ҷомеаи глобалии иттилоотиро доранд. Лекин рушди иттилоотикунонӣ дар баъзе кишварҳо бинобар як қатор омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва техникӣ боз дошта шудааст. Кишварҳои дараҷаи гуногуни тараққиёт дошта ба рушди Интернет муносибати хоса менамоянд. Дар Тоҷикистон, ки кишвари начандон инкишофёфта аст, вазъи инкишофи Интернет дар зинаи аввал қарор дорад. Дар айни замон, баъзе омилҳои сиёсӣ садди роҳи рушди Интернет мегарданд. Бархе аз коршиносон бар он ақидаанд, ки дар сайтҳо “даъватҳои оҳанги миллатгароӣ ва бадбинии наҷодӣ, манипулятсияи иттилоотӣ, поймоли ҳуқуқ ва озодиҳои шахсони алоҳида ҷой доранд …, ки баъзеи онҳо сарчашмаи таҳдид ба амнияти иттилоотии кишвари мо мебошад”[1].
Мавҷуд набудани қонун дар бораи танзими фаъолияти Интернет дар Тоҷикистон низ яке аз омили тараққиёти сусти ин соҳаи коммуникатсияи оммавӣ мешавад. Дар партави фармони Президенти ҶТ «Оид ба консепсияи бехатарии иттилоотӣ»” баҳри таъмину пур намудани фазои холии иттилоотии кишвар ҷустани чораҳо ба мақсад мувофиқ аст.
Аввалин Форуми матбуоти форсизабон ба ташаккул ва рушди фазои ягонаи иттилоотии халқҳое, ки дар доираи забони форсу тоҷик муошират менамояд, мусоидат менамояд. Иштирокчиёни Форум пешниҳоди ташкили телевизиони форсизабонро карданд, ки фазои иттилоотии Тоҷикистон, Афғонистон ва Эронро фаро гирад ва он метавонад кафилу гарави таъмини бехатарии иттилоотӣ бошад. Тавассути ҳавзаи иттилоотии Руссия барои мо на танҳо дархои кишварҳои русзабон, балки Ғарб ҳам кушода мегардад. Дар баробари ин моро зарур аст, ки ба ҳавзаи иттлоотии форсӣ ворид гардем.
Раванди ҷаҳонишавӣ ба забони тоҷикӣ низ таъсир мерасонад. Бинобар поку беолоиш нигоҳ доштани забон ва салоту шевоии онро ҳифз кардан вазифаи аввалиндараҷаи ВАО маҳсуб меёбад. Бо назардошти раванди ҷаҳонишавии иттилоот бояд чораҳо андешид, ки рўзноманигории тоҷик бо забонҳои русӣ ва ҳам англисӣ низ вусъат ёбад ва рақобатпазир бошад.
Тамоюли вусъатёбии мубодилаи беҳадду марзи иттилоотӣ, рушди Интернет, коркарду пахши барномаю, ахборот ва густариши алоқаи моҳворавӣ, имкониятҳои шабакаи телевизионӣ ва технологияи компутерӣ чуноне, ки Президенти кишвар Э.Раҳмон таъкид кардааст, “фосилаи фазою вақт ва макону замонро кўтоҳ карда, чун қосиди ҷаҳонишавӣ ба мо аз бурду бохти иқтисоду сиёсат, илму фарҳанг, техникаву технологияи муосир ва соири риштаҳои дигари фаъолияти башарият маълумот мерасонад». Чунин вазъият бешубҳа рақобати пурзўрро дар байни расонаҳои хабарӣ баҳри ба даст овардани фазои иттилоотӣ ба миён овардааст. ВАО-и Тоҷикистонро зарур аст, ки худро ба шароити нав мутобиқ намояд. Бояд дар таҳаввулоти муосири илмиву техникӣ, бахусус дар робита ба амалӣ кардани технологияи нави иттилоотию коммуникатсисонӣ фаъолона ширкат варзид.
[1] Access Deiled – 2. « Asia plus», №42, 19 октябри соли 2006
[2] Пугачёв В.П. Политология. М., 2000. С.468
[3] Панарин И.Н. Информационная война. М. 2001.
Якубов Ҷ.К
дотсенти кафедраи
сиёсатшиносии ДДҲБСТ