Нақши пешвои миллат баҳри рушди устувори Тоҷикистон
Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои маҳбуби миллат, президенти Ҷумҳурии Тооҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳо ва вохӯриву мулоқот бо сокинони шаҳру деҳоти ноҳияҳои тамоми манотиқи кишвари азизамон таъкид менамоянд, ки ҳар як сокини Тоҷикистон баҳри ободию бунёдкорӣ ва сарсабзии кишвар бикӯшанд, дар таълиму тарбияи босифату ҳунаромӯзии ҷавонон саҳмгузор бошанд. Баробари ин дар паёми навбатии худ солҳои 2019-2021-ро “Соли рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, соли 2020-2040-ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”,соли 2025-ро “Соли умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” эълон намуданд. Имрӯз ҷумҳурии соҳибистиқлоламонро дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон мешиносанд. Сулҳи пойдор дар кишвари биҳиштосоямон имкон медиҳад, то сафи сайёҳони хориҷӣ рӯз аз рӯз афзуда, самараи неки истиқлолу осоиши мамлакатро ба оламиён муаррифӣ намояд. Ғайр аз ин, ташкилоти байналхалқии ЮНЕСКО якчанд фарҳанги қадимии миллии тоҷикон, аз қабили Наврӯзи аҷам, таоми миллӣ-оши палав, либоси миллӣ – чакан ва ғайраҳоро этироф намуда байналмилалӣ эълон намудааст.
Яке аз ҳадафҳои асосии бардоштани сатҳу сифати ҳаёт -аз байн бурдани фарқияти байни шаҳр ва ноҳияҳою деҳот мебошад. Аз ин рӯ, имрӯзҳо бунёди роҳҳои асосӣ ва дохили шаҳру деҳот бо тарзи талаботу меъёрҳои замонавӣ бунёд гардида истодаанд. Бунёди роҳ ин асоси наздикшавии аҳолии шаҳру ноҳия ва деҳоти дурдасти кишварамон ба ҳисоб рафта иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии рушди кишвар – баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ аст.
Пешвои маҳбуби миллат мунтазам дар сафарҳои кориашон ба шаҳру навоҳӣ, ба биноҳои нави истиқоматӣ, мақомотҳои давлатӣ бунёдгардида, мактабу гимназияҳои бо таҷҳизотҳои замонавӣ таҷҳизонидашуда, меҳмонхонаҳои замонавӣ, маркази савдову хизматрасониҳо, ифтитоҳ мебахшанд. Инчунин, корхонаҳои замонавии бо таҷҳизотҳои пешқадами муосир муҷаҳҳаз кардашуда, майдонҳои варзишӣ, мавзеъҳои истироҳатии бо нишони давлатӣ соҳибшуда ва бо парчами ҷумҳуриамон афрӯхта шуда, фаввораҳои замонавӣ ва хиёбонҳои гулу гулзоргашта ба фаъолият шурӯъ намудаанд. Аз ин ободиҳо хурду бузурги кишварамон фараҳманд буда миннатдории хешро ба Пешвои Миллат баён менамоянд.
Ҷавонони кишвари соҳибистиқлол- ояндасози Тоҷикистони маҳбубамон барои азхудкуни дониши мукаммал, забономӯзӣ, ҳунаромӯзӣ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ногуфта намонад, ки барои ҷавонони ояндасоз аз ҷониби Пешвои миллат тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Бунёди корхонаҳои замонавӣ, меҳмонхонаву, маркази савдову хизматрасониҳо, манзилҳои истиқоматӣ, чароғонкунии кӯчаҳо ва боғу мавзеъҳои истироҳатии сокинони кишвар барои расидан ба ҳадафи истиқлолияти энергетикии кишвар мусоидат менамояд.
Истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, яъне ду се ҳосил рӯёндан аз як замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав тоза намудани каналу заҳбурҳо, бо оби полезӣ таъмин намудани зироатҳои кишоварзӣ азяк тараф барои рӯёнидани ҳосили фаровон мусоидат намояд, аз ҷониби дигар ба ҳадафи иҷрои барномаи стратегии кишвар – таъмини амнияти озуқаворӣ оварда мерасонад. Бунёди гармхонаҳои замонавӣ барои истеҳсоли фаровони маҳсулоти сабзавотӣ ва парвариши гулҳои ороишии боғу макони истироҳатӣ ва хиёбонҳо мусоидат менамояд. Бунёди сардхонаҳои замонвӣ барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили себу ангур, анору биҳӣ ва сабзавот имкон медиҳад, ки мӯҳлати истеъмоли онҳо муддати тӯлонӣ ба роҳ монда шавад. Истеъмоли меваю сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тоза барои саломатии аҳолии кишварамон манфиатовар аст. Чӣ тавре, ки Пешвои миллат мегӯянд: саломатии аҳолӣ ин боигарии миллат мебошад. Азхудкунии заминҳои нав, бунёди боғу токзорҳо аз ҳисоби заминҳои лалмиву талу теппаҳо солҳои охир аз як тараф иҷрои барзиёди барномаи бунёди боғу токзорҳо, аз тарафи дигар истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мусоидат намуда истодааст. Ин ҳама пайдоиши ҷои кории нав ва баланд гардидани сатҳи иҷтимои-иқтисодии аҳолӣ низ мебошад.
Дар Паёми Пешвои миллат гуфта шудааст ки “Соли наздик мо кишварамонро аз мамлакати аграрӣ ба индустриалӣ-табдил медиҳем”. Баҳри иҷрои ин пешниҳоди Пешвои миллат дар тамоми манотиқи кишвари азизамон корхонаҳои замонавии коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ ва банду басти онҳо бо тарзи замонавӣ бунёд гардида истодааст. Ин ҳолат ба пайдошавии ҷойҳои нави корӣ ва коҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат менамояд. Ба ҳамагон маълум аст, ки соҳаи кишоварзии дар деҳот ҷойгиршуда манбаъи асосии ашёи хоми корхонаҳои саноатӣ мебошад. Пешвои миллат ба мақомотҳои давлатӣ супориш доданд, ки истеҳсоли пахта ва пилларо ҳамчун ашёи стратегӣ дар корхонаҳои саноатии дохили кишвар то ҳадди ниҳоӣ коркард карда шавад. Ин омили пайдоиши ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардидани буҷаи маҳалҳо ва камшавии сатҳи камбизоатӣ мебошад. Боиси қайд аст, ки бо сабаби аз андоз озод намудан ва шароити мусоид фароҳам овардан, ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё гардида рушд ёфта истодааст. Бунёди биноҳои бо санъати мемории миллӣ сохташударо дар тамоми гӯшаву канори мамлакатамон, ҳатто дар растаҳои бозор мебинем.
Қобили қайд аст, ки аз ҷониби Пешвои миллат давоми се сол барои воридкунии таҷҳизоти замонавӣ ва технологияи каммасрафу бепартови корхонаҳои саноатӣ маратория эълон карда шуд, яъне аз боҷи гумрукӣ ва аз андоз озод намудани соҳибкорон инчунин кам кардани фоизи андозҳо бунёди корхонаҳои саноатӣ зиёд гардида онҳо ба фаъолият шурӯъ намудаанд – ин аст рушди бемайлони иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар. Ин иҷрои ҳадафи чоруми рушди кишвар – саноатикунонӣ мебошад.
Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ имкон дод, ки ҳунармандони асили кишварамон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ маҳсулотҳои истеҳсолкардаашонро ба намоиш ва фурӯш гузоранд, ки аз он на танҳо сокинони кишвар инчунин сайёҳони хориҷӣ низ харидорӣ намоянд. Боиси қайд аст, ки ин ҳама ободиву бунёдкорӣ аз тинҷиву оромӣ, пойдории сулҳу ваҳдат ба даст омада истодааст.
Дар Паёми навбатии Роҳбари давлат дастовардҳои ноилшудаи Тоҷикистон тайи солҳои охир, хусусан, дар панҷ соли гузашта баён гардиданд. Ҳамчунин, вазифаҳо барои таҳким бахшидану афзун гардонидани онҳо ва бартараф намудани мушкилоту монеаҳо, ки дар ҳаёти ҷомеа ва давлати мо мавҷуданд, мушаххас карда шуданд. Мехоҳам бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор намоям, ки дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилгардидаи мо, пеш аз ҳама, натиҷаи талошу заҳмати мардуми шарифи кишвар мебошанд.
“Мо вазифадорем, ки ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлол, ободии Ватани аҷдодиамон ва мунтазам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳар рӯз ва ҳамеша саъю талош намоем. Хусусан, бояд тамоми саъю талоши худро ба хотири амалӣ намудани корҳои ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ пешбинигардида – ободии Ватан, пешрафти давлатамон ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум равона созем”.
Аз ин рӯ бояд шукрона кунем, ки чунин ватани биҳиштосо дорем. Шукрона аз он, ки бо роҳбари хирадманд, Пешвои миллат, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишварамонро ободу зебо менамоем. Имрӯзҳо бо воситаи ахбори омма мехонем ва мебинем, ки дар кишварҳои хориҷӣ муноқишаҳои зиёди террористӣ пайваста ба вуқӯъ омада истодааст. Бояд ҳар як шахси кишвар зиракии худро нишон диҳад, хусусан ҷавонон. Ҷаҳонро бо чашми кушод дида бо кишвари тинҷу оромамон андоза намоянд ва баҳри навсозии он саҳмгузор бошанд. Шукронаи ин обу хоки Ватани биҳиштосоро намоем. Бо Пешвои миллати худ ифтихор намуда баҳри ободии хонаи худ, маҳалли зист, деҳот, ноҳияву шаҳр саҳмгузор бошем.
Пўлотова М. Х., муаллими калони кафедраи маркетинг- агробизнес. ДДҲБСТ