Эҳтироми зан-модар дар Паёми Пешвои миллат!

Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад.

Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст.

Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.

Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд.

Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.

Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд.

Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем.

Сарвари ғамхору маорифпарварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар мулоқоти махсус доир карда, вобаста ба масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа муфассал ва кушоду равшан ибрози назар намуданд. Дар мулоқоти зикршуда бори дигар андешаҳои худро оид ба мазмуну моҳият ва зарурату манфиати қабули қонунҳои миллӣ – «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» муфассал баён карданд.

Дар идомаи суханронии худ Пешвои миллат иброз намуданд: бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд. Зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд.

Бинобар гуфтаҳои боло, мо бонувон ба боварии муҳтарам Пешвои миллат ва ғамхориҳояшон нисбат ба эҳтироми зан-модар содиқ монда, бо хизматҳои шоиста ба Ватани маҳбубамон номбардори давлату миллат мегардем.

Хуҷаназарова М.И.,  дотсент,  мудири кафедраи маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ

You might also like