РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ – МАСЪАЛАИ МУБРАМИ РӮЗ

Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, ҷорисозии технологияҳои рақамӣ ба сифати яке аз омилҳои калидии рушди иқтисоди ҷаҳонӣ баромад менамояд. Зеро, татбиқи технологияҳои рақамӣ ба баландбардории рақобатнокии соҳаҳои мухталифи иқтисод, фароҳамсозии имконоти нави пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар заминаи пайвастшавӣ ба занҷираҳои байналмилалии ташаккули арзиш, зуҳур намудани бозорҳои нав, инчунин воридсозии молҳои нави рақамӣ ба бозорҳо мусоидат менамояд.

Маврид ба зикр аст, ки раванди рақамикунонии соҳаҳои иқтисод дар мамлакатҳои хоҷагии ҷаҳонӣ гуногун буда, аз сиёсат, меъёрҳои ҳуқуқӣ, анъана, фарҳанг, сатҳи рушди иқтисод, маориф, пойгоҳи технологӣ ва омилҳои муҳимми дигар, ки дар раванди таҳвили рақамии ин ва ё он кишвар нақши назаррас доранд, вобастагии зич дорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии рушди кишвар ба масъалаи рақамикунонии иқтисод ва таҳвили рақамии соҳаҳои алоҳида диққати аввалиндараҷа дода шуда, ҷорисозии ҳамаҷонибаи технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла технологияҳои пешқадам заминаи асосии таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва рақобатнокии байналмилалии кишвар арзёбӣ мегардад.

Дар ин маврид, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2024 зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар масоили мубрами иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ба масъалаи татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, иброз доштанд, ки “Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст”.

Бояд тазаккур дод, ки, ки Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисод, аз ҷумла маориф, молияву андоз, хизматрасониҳои бонкӣ, ҳифзи муҳити зист, нақлиёт ва ғайраҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.

Дар ин замина, дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:

Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.

Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.

Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.

Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.

Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.

Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.

Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.

Боиси зикр аст, ки, дар қатори масоили мубрами дигари рушди иқтисоди миллӣ эълон намудани солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» саривақтӣ арзёбӣ мегардад, зеро рақамикунонии соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ба ниҳодҳои давлатӣ, субъектҳои соҳибкорӣ ва аҳолӣ имкон фароҳам месозад, ки ба давраи комилан нави дигаргунсозиҳои ҷаҳонӣ ворид гарданд, дар рушди он ҳиссагузор бошанд ва фаъолияти пурсамар дошта бошанд.

You might also like