РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИЁТ – ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОР

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки соли 2024 ироа гардид, рақамикунонии иқтисодиёт ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди кишвар таъкид карда шуд. Пешвои миллат иброз доштанд, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳо, бахусус иқтисодиёт, имкониятҳои васеъро барои таъмини шаффофият, баланд бардоштани самаранокии кор ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо фароҳам меорад. Ин раванд ба рушди устувори иқтисодӣ мусоидат карда, рақобатпазирии кишварро дар бозори ҷаҳонӣ таъмин менамояд.

Бо рушди технологияҳои рақамӣ, иқтисодиёти ҷаҳон босуръат тағйир ёфта истодааст. Тоҷикистон низ бо дарназардошти талаботи замон барои гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ иқдом гирифтааст. Аз ҷумла, таъсиси инфрасохтори рақамӣ, татбиқи ҳукумати электронӣ ва рушди низоми бонкдории рақамӣ аз тадбирҳои муҳим ба шумор мераванд.

Рақамикунонии иқтисодиёт метавонад Тоҷикистонро ба сатҳи нав бардорад ва боиси рушди устувори иқтисодӣ гардад. Афзалиятҳои асосии он чунинанд:

  • Шаффофият ва коҳиши коррупсия. Истифодаи технологияҳои рақамӣ дар идоракунии давлатӣ ва тиҷоратӣ шаффофияти равандҳои молиявиро таъмин намуда, мизони коррупсияро коҳиш медиҳад.
  • Баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ. Технологияҳои рақамӣ равандҳои кориро самараноктар намуда, ба коҳиши хароҷот ва зиёд шудани истеҳсолот мусоидат мекунанд.
  • Рушди соҳибкорӣ ва инноватсияҳо. Бизнесҳои хурд ва миёна метавонанд бо истифода аз платформаҳои рақамӣ фаъолияти худро тавсеа диҳанд ва ба бозорҳои нав ворид шаванд.
  • Баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо. Рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ ва хусусӣ метавонад дастрасӣ ва сифати онҳоро беҳтар намуда, раванди гирифтани хизматрасониҳоро осонтар гардонад.

Бо мақсади истифодаи бартариятҳои иқтисоди рақамӣ Пешвои миллат дар Паём самтҳои аввалиндараҷаи татбиқро ҷудо намудан:

Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.

Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.

Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.

Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.

Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.

Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.

Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.

Баробари ин Пешвои миллат ба масъалаи калидии гузаштан ба иқтисоди рақамиро зикр намуда, баҳри таъмини кадрҳо ба Ҳукумати мамлакат супоришҳои саҳеҳ пешниҳод намуданд.

Ҳамин тариқ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 нишон медиҳад, ки рақамикунонии иқтисодиёт яке аз афзалиятҳои стратегии рушди кишвар ба ҳисоб меравад. Ин раванд метавонад омили асосии таъмини шаффофият, самаранокӣ ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ гардад. Барои татбиқи пурраи рақамикунонӣ, ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ муҳим мебошад.

Каримов Р.А., н.и.и., дотсент,

 мудири кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ

 

You might also like