ДДҲБСТ: Ҷамъбасти Ҳафтаи дарҳои кушод ва маросими қадршиносии ғолибони интернет – олимпиада байни хатмкунандагон

01-уми марти соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳафтаи дарҳои кушод ҷамъбаст шуда, ғолибони олимпиада байни хатмкунандагон дар вазъияти тантанавӣ қадршиносӣ гардиданд.
Дар рӯзи охирини Ҳафтаи дарҳои кушод низ хатмкунандагони шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ДДҲБСТ ташриф оварда, бо шароиту имкониятҳои донишгоҳ аз наздик шинос шуданд. Дар Ҳафтаи дарҳои кушод ҳамчунин хатмкунандагон аз дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ ва дарсҳои намунавии устодон дидан карда, бо шароиту имкониятҳои Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ ва дигар биноҳои таълимии ин муассисаи бонуфузи касбии олӣ дидан намуданд.
Дар маросими қадршиносӣ роҳбарон ва намояндагони раёсати маориф ва шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, раисон ва намояндагони ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои молиявиву бонкии ҳамкор, хатмкунандагон ва ғолибони олимпиада иштирок карданд.
Дар оғози маросими қадршиносии ғолибони олимпиада байни хатмкунандагон ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода иброз дошт, ки мақсад аз ташкилу ба роҳ мондани Ҳафтаи дарҳои кушод ва олимпиада байни хатмкунандагон ин дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби хатмкунандагон ба таҳсили илму дониш ва ба касбомӯзӣ фаро гирифтани онҳо мебошад.
Иттилоъ дода шуд, дар Ҳафтаи дарҳои кушод, ки санаи 24-уми феврал дар донишгоҳ оғоз гардида, то ба имрӯз идома ёфт, беш аз 14000 хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳамроҳи омӯзгорони хеш ба ДДҲБСТ ташриф оварда, бо шароити таҳсил, имконияту ихтисосҳо аз наздик шинос шуданд. Дар олимпиада байни хатмкунандагон бошад, беш аз 15000 хатмкунанда тариқи онлайн ва офлайн ширкат варзиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар донишгоҳ шуруъ аз санаи 01- уми феврал то 01-март интернет-олимпиадаи хатмкунандагон баргузор гардида, дар ин давра хоҳишмандон тавонистанд тариқи воридшавӣ ба сомонаи донишгоҳ иштирок намуда, дониши хешро аз рӯи намунаҳои саволномаҳои ММТ барои дохил шудан ба донишгоҳ санҷиданд.
Ғолибони олимпиада дар вазъияти тантанавӣ бо туҳфаҳои арзишманд аз қабили дучархаи барқӣ, ноутбук, телевизор, планшет, телефону дигар туҳфаҳои зиёди арзишманди раёсати донишгоҳ ва ташкилоту муассисаҳои ҳамкор қадршиносӣ шуданд.
Ташкилоту муассиса ва ширкатҳои ҳамкори донишгоҳ, аз қабили ҶДММ ТАҚХ “Матин” , филиали №23 БДА ҶТ “Амонатбонк” дар вилояти Суғд, ҶСП “Ҳумо”, ҶСК “Тавҳидбонк”, ҶСК “Алиф Бонк”,ҶСП ТАҚХ “Имон интернешнл”, ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, ҶДММ “ФП Назар”, Оҷонсии рекламавии «Симо» ва Филиали бонки байналмилалии Тоҷикистон дар вилояти Суғд , Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд низ барои ғолибон туҳфаҳои хешро тақдим намуданд.
Инчунин, ғолибони олимпиада бо туҳфаҳои хотиравии шарикони ҳамкори ДДҲБСТ, аз қабили КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд қадршиносӣ гардиданд.
Ҳамчунин дар маросими қадршиносӣ дар доираи Ҳафтаи дарҳои кушод ва олимпиада байни хатмкунандагон ба омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ Ифтихорномаву Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ тақдим гардид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like