БАҚОИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ АЗ МАОРИФ ВОБАСТА АСТ
Мусаллам аст, ки дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи илму маориф ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ муайян гардида, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди он тамоми имконоти худро истифода мебарад ва барои таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва ворисони сазовори халқу давлат пайваста кўшишу талош дорад. Ин тадбирҳо боиси беҳтар шудани нишондиҳандаҳои рушди нерўи инсонӣ гардида, ба амалишавии афзалиятҳои муайяншуда оид ба сатҳи зиндагӣ, саводнокиву маърифат, давомнокии умр ва дар маҷмўъ ба пешравии ҷомеа, болоравии сатҳи зеҳнияти он ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии сазовори аҳолӣ таъсири мусбат гузоштаанд. Ҳамзамон собит гардидааст, ки мактабу маориф инчунин омили муҳимтарини амнияти миллӣ низ мебошад, зеро дар ҷаҳони пуртазоди имрўза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб азхуд кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд.
Ба ҳукми анъана даромадааст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи соли нави хониш ба яке аз муассисаҳои таълимӣ ташриф оварда, ба тамоми муҳассили макотиби мамлакат дарси сулҳ мехонанд, ки ин гувоҳи равшани эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати мамлакат ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, мақому мартабаи илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омўзгорону устодон ва саъю талоши донишҷўёну хонандагон, яъне насли ояндасози миллат мебошад.
Соли ҷорӣ Роҳбари Давлат дар муассисаи таҳсилоти умумии рақами 19-и шаҳри Душанбе, ки яке аз калонтарин муассисаҳои таълимӣ дар пойтахти мамлакат ба шумор меравад, суханронӣ намуданд.
Сарвари мамлакат нахуст оид ба мазмун ва моҳияти дарси сулҳ андешаронӣ намуда, ҳамзамон доир ба рушди соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе ибрози ақида карда, аз ҷумла афзуданд, ки “Тайи солҳои 2017 – 2023 дар шаҳри Душанбе барои 72 000 нафар хонандагон мактабҳои замонавии дорои шароиту имкониятҳои беҳтарин бунёд ва ба истифода дода шудаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасмим гирифтаанд, ки танҳо дар соли ҷорӣ барои беш аз 12 ҳазор нафар фарзандони сокинони пойтахт муассисаҳои муосири таълимӣ бунёд карда, шароити таълиму тадрисро дар пойтахти мамлакат бамаротиб беҳтар гардонанд. Илова бар ин, ҳоло дар шаҳри Душанбе сохтмони боз 24 муассисаи нави таълимӣ барои 47 ҳазор нафар хонанда ва 55 муассисаи томактабӣ барои 11 ҳазору 500 нафар кӯдак босуръат идома дорад”.
Воқеан, ҳам рушди соҳаи маориф дар пойтахти кишвар ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар гувоҳӣ дода, он барои баланд бардоштани тарбияи ҷавонон ва маърифатнокии ҷомеа нақши муаасир дорад. Зеро, зуҳуроти нангину хатарноки ҷаҳони имрўза гаравиши ҷавонон ба ҳаракату равияҳои бегонаву хатарнок, ба қочоқ ё муомилоти ѓайриқонунии маводи мухаддир даст задани онҳо, қонуншиканӣ, шомил шудан ба гурўҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва тақлид ба расму ойин ва тарзи либоспўшии бегона моро водор месозад, ки наврасону ҷавононро дар руҳияи нигоҳдошти асолати миллӣ тарбия намоем. Ҷавонон бояд шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ намуда, илму дониш омўзанд, касбу ҳунарҳои замонавиро азхуд кунанд, барои ободии Ватан кўшиш намоянд, эҳтироми падару модарон, устодону омўзгорон ва умуман калонсолонро ба ҷо оранд ва бар зидди таъсири манфии падидаҳои бегона ва умуман бегонапарастиву тақлидкорӣ мубориза баранд.
Роҳбари Давлат роҷеъ ба раванди ислоҳот ва навсозӣ дар соҳаи маориф андешаронӣ намуда, таъкид сохт, ки дар низоми маорифи кишвар стандартҳои нави давлатӣ барои ҳар як зинаи таҳсилот қабул гардида, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсиву электронӣ нашр карда шуданд. Инчунин, бунёди мактабҳои нави замонавӣ ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ васеъ ба роҳ монда шуда, ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо компютерҳо, озмоишгоҳҳо, техника ва технологияҳои муосир, инчунин ба шабакаи интернет пайвастани онҳо чораҳои доимӣ амалӣ шуда истодаанд. Дар баробари ин, солҳои охир ҷиҳати гуманитарикунонии таълим дар низоми таҳсилот тадбирҳои назаррас амалӣ гардида, ба омўзиши забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ диққати бештар дода шуда, фанҳои риёзӣ ва табиӣ соҳиби афзалият гардиданд. Пешвои миллат иброз доштанд, ки “То имрӯз бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти соҳа садҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, амалӣ шуда истодаанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи маориф сол ба сол зиёд карда шуда, вазъи соҳа ва кормандони муассисаҳои таълимӣ мунтазам беҳтар гардида истодааст.
Дар ин давра, илова ба хароҷот аз буҷети давлат дар соҳаи маориф 30 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 3,5 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло боз 11 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Агар соли 2000-ум ба соҳаи маориф ҳамагӣ 42 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2005 ба 253 миллион, соли 2010 ба зиёда аз 1 миллиард, соли 2015 ба 2,5 миллиард, соли 2020 ба 5,5 миллиард ва дар соли 2024 ба 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ расонида шуд, ки 5,7 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва 18,9 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 21 маротиба баланд бардошта шуд”.
Вобаста ба раванди таълим дар макотиби олӣ таъкид шуд, ки айни замон зарурати таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои таълимии ягона, таҷдиди назар ва муттаҳид намудани баъзе равияву ихтисосҳо, такмили стандартикунонӣ, ҷорӣ кардани талаботи салоҳиятнокии касбӣ ва дар асоси он таҳия кардани нақшаҳои нав аз рўи ҳар як ихтисос ба миён омада, иҷрои ин тадбирҳо омили ҳарчи зудтар ба фазои таҳсилоти ягонаи ҷаҳонӣ ворид гардидани мактабҳои олии мамлакат мегардад.
Сарвари мамлакат дар баробари таълим ва рушди илму инноватсия тарбияро низ ҳамчун ҷузъи таҳсилот муҳим ва ниҳоят арзишманд эътироф намуда, таъкид сохт, ки бе тарбияи муваффақона ташаккул додани шахсият ѓайриимкон мебошад. Воқеан таваҷҷуҳ ба тарбияи насли наврас, дар зеҳни наврасону ҷавонон ҷой кардани хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва дар рўҳияи ватандўстиву ватанпарварӣ, ифтихори миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ба камол расонидани насли ояндаи мамлакат яке аз вазифаҳои муҳими муассисаи таълимӣ, омўзгорон ва падару модарон ба шумор меравад.
Зикр гардид, ки танҳо дар сурати баробар инкишоф додани таълиму тарбия дар низоми таҳсилоти кишвар ба комёбӣ ноил гардида, барои ба воя расонидани шахсиятҳои солиму соҳибмаърифат ва фаъоли ҷомеаи ояндаи худ замина фароҳам меорем. Ҳукумати кишвар дар ин самт якчанд консепсияву барномаҳои давлатӣ қабул кардааст, ки он зина ба зина мавриди татбиқ қарор гирифта истодааст.
Роҳбари давлат дар анҷоми суханронии хеш аз донишҷўён даъват ба амал оварданд, ки даврони ҷавониро ѓанимат шуморида, кўшиш намоянд, ки илму донишҳои замонавиро ҳарчи бештар азхуд кунанд ва соҳиби касбу ихтисосе шаванд, ки тавассути он дар оянда зиндагии худро пеш бурда, дар ҷомеа соҳиби мақому обрў гарданд. Ин давраро самаранок истифода бурда, тамоми нерўи худро барои азхуд кардани донишҳои муосир, ихтисос ва касбу ҳунарҳои замонавӣ, омўзиши забонҳои хориҷӣ ва арҷу эҳтиром гузоштан нисбат ба забони модарӣ, таърих, фарҳанг ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ равона созанд. Фаромўш насозандд, ки ояндаи ободи Ватани аҷдодиамон ба донишандўзии имрўзаи шумо вобастагии амиқ дорад.
Ризоева Гулрухсор – сармутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон