Мубориза ба падидаҳои номатлуб

11 феврали соли 2025 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо донишҷӯёни факултети муштараки донишгоҳ мулоқот оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, хурофатпарастию ифротгароӣ, ташвиқи фарҳанги миллӣ, амалишавии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим доир гардид.

Дар мулоқоти мазкур раиси Федератсияи гимнастикаи варзиши вилояти Суғд Саломӣ Хуршед, раиси Федератсияи Ушуи вилояти Суғд Мирзодалерхон Хуршедзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбия, дотсент Шаҳноза Норматова, мудири шуъбаи корҳои тарбия Маъруфҷон Ҳасанов, декани факултети муштарак Дилобар Бойматова ва дигар кормандону устодон ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Мулоқотро муовини ректор оид ба корҳои тарбия, дотсент Шаҳноза Норматова ифтитоҳ карда, мавзуи онро мубраму саривақтӣ арзёбӣ кард. Қайд гардид, ки имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд. Ин ҳолат боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмуъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Ҳамзамон, доир ба вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат доир ба мубориза ба хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқононии маводи мухаддир ибрози андеша кард.

Дар идомаи мулоқот мудири шуъбаи корҳои тарбия Маъруфҷон Ҳасанов дар мавзуи «Терроризм ва экстремизм – хатар ба амнияти инсоният» маърӯза намуд. Зимни баромад қайд шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин нуктаро баён кардаанд: «Терроризм ва экстремизм чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ дошта, террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст». Илова шуд, ки яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди радикализм, ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ ба ҳисоб меравад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Аксаран ин амалҳо зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динии бебунёд сурат мегиранд. Барои мубориза бурдан бо радикализм, ифротгароӣ ва терроризм бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ мубориза барем ва ҷомеаро аз гирдоби дардноки оқибати он эмин нигоҳ дорем, зикр шуд дар интиҳо.

Сипас, раиси Федератсияи гимнастикаи варзиши вилояти Суғд Саломӣ Хуршед ва раиси Федератсияи Ушуи вилояти Суғд Мирзодалерхон Хуршедзода баромад намуда, зикр намуданд, ки оммавияти варзиш дар ҷомеаи мо баръало намудор аст. Ҷавонону наврасон фориғ аз дарсу таҳсилот барои солиму бардам будан бо варзиш машқ мекунанд ва тарзи ҳаёти солимро пешаи худ кардаанд. Намуди варзиши ушу – кунг-фу ва гимнастика дар байни варзишгарони тоҷик маҳбубият зиёд пайдо намуда истодааст. Хушбахтона, ҷавонону донишҷӯён бо ин намуди варзиш машқу тамрин карда истодаанд.

You might also like