Паём роҳнамои оянда
Санаи 28.12.2024 соати 10:00 дар бинои нави Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми сарвари давлатамон ба мардуми кишвар ироа гардид. Нахуст Пешвои миллат дар бораи 33-соли Истиқлоли давлатӣ ва саҳми Конститутсия давлатӣ дар пешрафти ҷомеаи давлати навбунёд ҳарф зада, таъкид намуданд, ки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин сиёсати ҳуқуқи маънавии зиндагии шоиста доштани мардум мебошад.
Президенти кишварамон дар бораи рушди бемайлони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ сухан ронда, бо далелҳои муътамад собит намуданд, ки сол аз сол нишондиҳандаҳо боло мераванд ва дар ин ҷабҳа хизматҳои соҳибкорони ватанӣ хеле бузург аст.
Ҳамчуннин, нуткагузорӣ шуд ва дастур дода шуд, ки маърифати андозсупорандагон дар ҷумҳурӣ боло карда шавад ва ҳама қишри ҷомеа аз даромадҳои хеш мувофиқи қоида, дар муҳлати муайян андоз супоранд ва ба саркашӣ роҳ дода нашавад. Барои ҳалли дурусти ин масъала технологияи муосири рақамӣ бояд вусъат ёбад.
Дар ин замина, аз ҷониби Пешвои миллат 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардид. Дастур дода шуд, ки дар соли 2025 дар шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияи рақамӣ таъсис дода шавад ва бахш(филиал)ҳои он дар тамоми манотиқи кишвар аз ҳисоби омӯзгорони варзида ба роҳ монда шавад.
Дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:
Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.
Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.
Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки дар Тоҷикистон 2040 корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолият менамоянд ва дар соли 2024 740 адад корхонаҳо ба кор шурӯъ намуданд, ки ин иқдом барои бо шуғли доимӣ фаро гирифтани мардум заминаи боъэтимод мегузорад.
Маълум гардид, ки барои сохтмони НБО Роғун аз ҳисоби буҷаи мамлакат 9 миллиард сомонӣ маблағ ҷудо шудааст ва ҳоло корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 6 миллиарду 900 миллион сомонӣ ва сохтмони неругоҳи «Себзор» ба маблағи 700 миллион сомонӣ идома доранд.
То имрӯз ду агрегати неругоҳи «Норак» ва се агрегати неругоҳи «Қайроққум» пурра навсозӣ карда шудааст.
Муждаи нек дар Паём ҳамин буд, ки Тоҷикистон дар соли 2027 пурра истиқлоли энергетикӣ дармеёфтааст. Ин маънии онро дорад, ки на танҳо орзуи чандинсолаи мардум амалӣ мешаваад, балки тамоми соҳаҳо пурвусъат фаъолият хоҳанд намуд.
Дар баробари ба соҳаи маориф аҳамияти хоса додани сарвари давлатамон, таъкид гардид, ки рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, суботи сиёсӣ ва оромиву осудагии мардуми Тоҷикистон аз таъмини амнияти миллӣ вобаста мебошад.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки шомилшавӣ ба терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст ва ҳамоҳангии фаъолият дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ ба эҷоди механизми боэътимоди муборизаи муштарак бар зидди хавфу таҳдидҳои амниятӣ мусоидат менамояд.
Аслам Каримов