Маориф дар Паёми имсолаи навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.12.2024)

Ҳарсол, мо мардуми Тоҷикистони гул гул шукуфон ироаи  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интизорем, ки он дар арафаи Соли нави мелодӣ баргузор мегардад. Санаи 28-уми декабри соли 2024 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонба Маҷлиси Олӣ ироа гардид. Мо, ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён, аҳли кормандони ДДҲБСТ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мустақиман тариқи телевизион тамошо намудем. Паёми навбатии Роҳбари давлат, аз паёмҳои солҳои қаблӣ аз лиҳози муҳтаво ва серпаҳноии худ фарқият дошт. Паём таҷассумкунандаи рукнҳои давлатдории миллӣ буда, амалӣ гардидани нақшаю вазифаҳои гузошташудаи имрӯзу фардоро инъикос менамояд, самтҳои асосии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро пешниҳод менамояд.

Бояд зикр намуд, ки дар баробари таҳлилу баррасӣ ва дурнамои ҳама паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар, муҳимтарин бахше, ки дар Паём зикр гардид, ин самти рушди соҳаи маориф ва илми кишвар мебошад. Аз ин бармеояд, ки хусусан, соҳаи илму маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Пешвои муаззами миллат, соҳаи маориф ва илмро самти афзалиятнок ҳисобида, ба он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд, аз ҷумла зикр намуданд, ки ин соҳа омили муҳимтарини таҳкимбахши давлат ва миллат мебошад.

Оварда шуд, ки 117 ҳазор ҷавонон таҳсил дар хориҷа доранд ва 30 фоизи онро духтарон ташкил медиҳанд. Дар мактабҳои олӣ ба сифати таълиму донишазхудкунӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад. Дар Паём оиди омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ низ сухан рафт ва бори дигар таъкид шуд, ки бачагон бояд аз муассисаҳои томактабӣ ба забономӯзӣ ворид шаванд. Сарвари давлат ба як эҳсосоти баланду ҷонсӯзӣ оиди маърифатнокии мардуми кишвар сухан ронда, қайд намуданд, ки фарҳанг-ҳастии миллат аст. Ҳоло 18 бинои театр, 126 китобхона, 167 иншооти фарҳангӣ, 20 осорхона бунёд карда шуда, бунёди 14 муассисаи соҳаи фарҳанғ идома дорад.

Бояд кайд намуд, ки дар баробари дастуру супоришҳои мушаххас ва роҳнамоиҳое, ки барои соҳаи маориф ва илми кишвар дода шуд, Пешвои миллат барои дастгирии иҷтимоии кормандони соҳа, баланд бардоштани стипендияи донишҷӯён, магистрҳо ва аспирантону докторантон, пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми июли соли 2025 маоши муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд.

Умуман, Паём барои мо ин дастур, раҳнамо ва сармашқи кори хеш буда, асос барои таъмини шароити зиндагии арзандаи мардуми кишвар мебошад.

Атоева Мамлакат Мухторовна

                                                                      н.и.ф.,дотсени кафедраи забони русӣ  

You might also like