Муаррифии асарҳои Пешвои миллат ва адабиёти тозанашр таҳти унвони “Паём – роҳнамои фардои дурахшони миллат” барои донишҷӯёни таҳсилоти фосилавӣ дар факултетҳои донишгоҳ
Оғоз аз санаи 06.01.2025 тибқи нақшаи ҳафтаинаи китобхонаи илмӣ, дар факултетҳои донишгоҳ барои донишҷӯёни таҳсилоти фосилавӣ нуктаҳои асосии Паёми навбатии Сарвари давлат ва муаррифии асарҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин муаррифии адабиёти тозанашр доир ба ихтисоси донишҷӯён аз ҷониби кормандони китобхонаи илмӣ баргузор гардида истодааст.
Зимни муаррифии асарҳои Пешвои миллат дар ҳузури донишҷӯён иброз шуд, ки ҳaмaсoлa бaъди ирoa гaрдидaни Пaёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дaр ҳaёти ҷoмеa рӯҳу нерӯи тoзaе бa вуқӯъ мепaйвaндaд. Яъне, aз Пaём тo Пaём зиндaгии мaрдуми тaмaддунoфaри тoҷик куллaн рaнгу ҷилои дигaр гирифтa, ҷoмеa бo як дилгaрмӣ aз пaйи иҷрoи кoрҳoи сoзaндaгию бунёдкoрӣ вa рaнгин сoхтaни рӯзгoри хеш мешaвaд.
Дар намоиш китобҳои дарсӣ, комплексҳои таълимию методӣ, дастурҳо вобаста ба тахассуси донишҷӯён, ки аз тарафи устодону омӯзгорони донишгоҳ интишор гардидаанд, аз ҷониби китобдорони китобхона муаррифӣ карда шуд.
Ҳадаф аз ташкил ва баргузор намудани муаррифии китобҳои тозанашр, ин ҷалби бештари доираи васеи хонандагон ба китобхона ва мутолиаи адабиёт, иштироки онҳо дар ҷараёни дарсҳо бо маводҳои таълимӣ, ҳамчунин тарбияи рўҳияи ватандўстона дар вуҷуди ҷавонон мебошад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа