Татбиқи Паём-рисолати мо
Ҳар як Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи мукаммали рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакатро дар бар гирифта, боиси сол то сол беҳтар шудани некуаҳволии сокинони кишвар мегардад.
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (28.12.2024) “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” пурмуҳтаво буда, фарогири паҳлуҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илму маориф, инчунин дигар соҳаҳои муҳим мебошад, ки ҳамчун дастурамал ва роҳнамо баҳри рушди ҷанбаҳои мухталифи ҳаёт нигаронида шудааст. Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони мамлакат паёми ояндаафрӯз буда, муждаи пирӯзии миллат дар тамоми соҳаҳои гуногуни иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, паёми омадани идҳову ҷашнҳои мубораки Ватан аст.
Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибӯҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,7 фоиз таъмин гардида, соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати воқеии он ба 8,4 фоиз расид. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид. Яъне 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар зиёд гардид ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфт.
Инчунин дар ин давра таҷдиди неругоҳҳои барқи обии “Норак ва Қайроққум” ба маблағи умумии 6 миллиарду 900 миллион сомонӣ ва сохтмони неругоҳи “Себзор” ба маблағи 700 миллион сомонӣ идома доранд. Дар Паём қайд гардид, ки то имрӯз ду агрегати неругоҳи “Қайроққум” иқтидори он иловатан 24 мегаватт зиёд гардида ба 174 мегаватт мерасад. Марбути неругоҳи барқи обии мамлакат, аз ҷумла “Норак”, “Себзор” ва “Роғун” фикру андешаҳои судманд баён карда шуд, ки онҳо баҳри рушди некуаҳолии мардуми тоҷик равона гардидааст. Мазмуну муҳтавои фикрҳои болозикр далели он аст, ки “Иқтисоди сабз” – кафили рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Масъалаи дигари мубраме, ки дар Паём таъкид карда шуд, аз он иборат буд, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ гомҳои устувор гузошта истодааст. Мо, ҷомеаи меҳнатии факултети молия ва андоз аз Паёми Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ба хулосае омадем, ки ҳадафи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози Соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Ҳар як Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи мукаммали рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакатро дар бар гирифта, боиси сол то сол беҳтар шудани некуаҳволии сокинони кишвар мегардад.
Ҳайати профессорону омӯзгорони факултети молия ва андоз баҳри таъмини амалии Паём нақшаи тадбирҳои мушаххас омода намуда, татбиқи онро рисолати хеш қарор дода, ташвиқу тарғиби онро роҳандозӣ карда истодаанд, зеро ки Паём – меҳвари пешбарандаи ҷомеаи демократӣ, соҳибистиқлол, ягона, дунявӣ ва иҷтимоӣ маҳсуб меёбад.
Абдулазизов Р.А., н.и.и., дотсент
декани факултети молия ва андоз