Паёми Пешвои миллат – қутбнамои инкишофи давлатдории миллӣ дар замони муосир
Дар ҳошияи ироа гардидани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон санаи 4-уми январи соли 2025 ҳамоиши илмӣ-назариявӣ ва тарбиявиро дар мавзуи «Паёми Пешвои миллат – қутбнамои инкишофи давлатдории миллӣ дар замони муосир»-ро ташкил ва баргузор намуд.
Дар рафти ҳамоиши мазкур маърузаҳо аз ҷониби н.и.ҳ., дотсент Обидов Дилшод Солиҷонович дар мавзуи «Паёми Пешвои миллат ҳамчун асоси идеологии пешрафти давлати ҳуқуқбунёд» ва н.и.ҳ., дотсент Қодирзода Мирзоқодир Аюб дар мавзуи «Нақши Паёми Пешвои миллат дар рушди маориф ва тарбияи ҷавонон» ироа карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ, декани факултети ҳуқуқшиносӣ н.и.ҳ., дотсент Кенҷаев Ш.Ю., мудири кафедра, дотсент Қодирзода М.А. ва дигар иштирокчиён андешаву мулоҳизоти худро иброз намуданд. Дар фарҷоми ҳамоиши мазкур саволу ҷавоб оид ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби иштирокдорон сурат гирифт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа