ПАЁМ – РОҲНАМО БА РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ КИШВАР!
Чун анъана Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 28.12.2024 ироа гардид, тамоми самтҳои фаъолияти мамлакатро дар бар гирифт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд.
Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод.
Ин нишондиҳандаҳо гувоҳи онанд, ки сол ба сол вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар рўз аз рўз рушду нумуъ карда истодааст.
Аз ҷумла дар паём зикр гардид, ки дар доираи нақшаи зикргардида дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Аз ин ҷо бармеояд, ки сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат ба самти маориф аҳамияти хоса зоҳир мегардад.
Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид.
Яъне нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфт. Аз ин нишондиҳандаҳо баҳо додан мумкин аст, ки вазъи иқтисодиву иҷтимоии аҳолии мамлакат сол аз сол беҳтар гардида, сатҳи некўаҳволии мардум низ, хеле хуб шудааст.
Баҳри дастгирии соҳибкорони ватанӣ ҳамасола якчанд ҳавасмандкуниҳои андозӣ пеш гирифта мешавад. Аз ин боис Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ қайд карданд, ки татбиқи ислоҳот дар самти санҷиши субъектҳои хоҷагидор имкон дод, ки то имрӯз шумораи мақомоти санҷиш аз 31 то ба 23 ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз 300 ҳазори соли 2016-ум то 42 ҳазор дар соли 2024-ум кам гардад.
Танҳо дар 11 моҳи соли 2024 аз ҳисоби санҷиши 1150 андозсупоранда ба буҷети давлат иловатан 1 миллиарду 640 миллион сомонӣ ворид карда шудааст. Бо вуҷуди кам гардидани санҷишҳои андозӣ дар солҳои охир боз ҳам андозсупорандагоне пайдо шуда истодаанд, ки манбаи андозбандишавандаи худро аз мақомоти андоз пинҳон мекунанд. Танҳо баъди гузаронидани санҷишҳои андозӣ ин пинҳоншудаҳо ошкор карда шуда, ҷаримабандӣ карда мешаванд.
Дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад.
Дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд.
Танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шудааст.
Суръати миёнасолонаи рушди соҳа дар ин давра дар сатҳи 15 фоиз таъмин гардид, ки бо дарназардошти имконияту иқтидорҳои мавҷуда барои ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ҳанӯз нокифоя мебошад.
Каримова М.И.,н.и.и., дотсент
мудири кафедраи молия ва қарз