Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баёнгар ва раҳнамои асосии пешрафти соҳибистиқлолии Тоҷикистони муосир

Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи он шахсиятҳое маҳсуб меёбанд, ки ҳамчун сарвари сиёсӣ на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, хастии имрўзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳанги ниёгон хизматҳои беназир кардаанд.

Қобили таҳсин аст, ки роҳбари хирадманди тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон бо нерўи созандаи хеш мардумро муттаҳид намуданд, сулҳро дар саросари кишвар барқарор сохтанд ва ваҳдати миллиро миёни минтақаҳо ва қавму миллатҳои дигаре, ки дар Тоҷикистони биҳиштосо асрҳои аср бо мардуми шарифи ҳимматпешаи тоҷик баробар умр ба сар мебурданд, пойдор гардониданд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳамаи ин муваффақиятҳои беназири миллати тоҷик ба осонӣ ба даст наомада, онҳо маҳсули заҳматҳои чандинсолаи фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбанд. Ҷонибдори он андешаем, ки ин муваффақиятҳо маҳсули таҳлилу натиҷагириҳо аз сабақҳои таърихӣ ва таҷрибаи ғании ҷаҳонӣ буда, бо дарназардошти амалӣ шудани онҳо Тоҷикистон тавонист дар арсаи ҷаҳонӣ маълуму машҳур гардад.

Дар ин радиф, нақши суханрониҳо, баромадҳо ва бахусус, паёмҳои ҳарсолинаи Пешвои миллат хеле муассир ба шумор рафта, барои дар амал татбиқ намудани ҳадаф ва мақсадҳои дурбинонаи Ҳукумати кишвар, чун баёнгар ва раҳнамои асосии пешрафти соҳибистиқлолии мардуми куҳанбунёди тоҷик ва дурнамои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Лозим ба зикр аст, ки чанде қабл дар бинои боҳашамати парламенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими тантанавӣ ироа намуданд.

Паёми Пешвои миллат, сароғоз аз ҷашни бошукуҳи 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидо гирифта, зикр гардид, ки «Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст».

Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат, зеро Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан заминаи ҳуқуқии ташаккул ва рушди бемайлони тамоми соҳаҳои ҷомеаи муосири кишвари маҳбубамон маҳсуб меёбад ва бешубҳа, кафолати асосии барпо сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад.

Лозим ба қайд аст, ки дар Паёми худ Сараври давлат ҳамчунин оид ба нобаробарӣ ва ноустувории авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ суханронӣ намуда иброз намуданд, ки баҳри амният ва бехатарии Тоҷикистони муосир мо бояд ҳамеша кўшиш ба харҷ диҳем, зеро Тоҷикистон ҳуқуқи маънавӣ ба зиндагии шоиста дорад. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон – иброз намуданд Пешвои миллат.

Илова намудан бамаврид аст, ки дар Паёми Пешвои миллат тамоми ҷабҳаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон баррасӣ ва таҳлил карда шуда, барои солҳои минбаъда мушаххас вазифагузорӣ шуданд.

Аз ҷумла таъкид гардид, ки: «Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст. Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуда, дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод.

Дар доираи нақшаи зикргардида дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд».

Дар самти сиёсати иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии кишвар, баланд бардоштани андозаи музди меҳнат барои кормандони соҳаи илм, маориф, тандурустӣ, хизматчиёни давлатӣ ва ҳарбӣ, шаҳодати он аст, ки Ҳукумати кишвар роҳи босамари пешбурди давлату давлатдориро интихоб намудааст.

Таҳия намудани нақшаи дурбинона ва вазифагузорӣ намудан ҷиҳати пешбурди давлатдорӣ дар соҳаи андоз, баланд бардоштани маърифати андозсупорӣ ва маърифати молиявӣ, энергетика, иқтисодиёти рақамӣ, рақамикунонии аксари хизматрасониҳои иҷтимоӣ, давлатӣ бешубҳа аз талошҳои хирадмандонаи Пешвои миллат барои ояндаи Тоҷикистон дарак медиҳанд.

Дар Паём, Пешвои муаззами миллат ҳамчунин устувории Тоҷикистон соҳибистиқлолро дар арсаи сиёсати байналмилалӣ муаррифӣ намуданд ва иброз доштанд, ки «…Тоҷикистон мавқеи устувори худро дар хусуси ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда ва ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ иброз намуд. Зеро ҳамоҳангии фаъолият дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ ба эҷоди механизми боэътимоди муборизаи муштарак бар зидди хавфу таҳдидҳои амниятӣ мусоидат менамояд».

Барои ҳамин ҳам, мо андеша дорем, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун роҳнамои дарки сиёсати маънавибунёди ин марди хирад барои наслҳои ояндаи халқи тоҷик ва баҳри ҷовидон нигоҳ доштани иститқлолият, ҳувияти миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва давлатдории тамаддунофари тоҷик хизмат хоҳад намуд. Дар ҳамин асос, амалӣ намудани тамоми вазифаю ҳадафҳои асосие, ки дар Паём ироа гардид, барои ҳар як фарди бонангу номуси миллат ҳам қарз ва ҳам фарз хоҳад буд.

                                                                                                Санавваров Ғолибҷон Бақоевич., н.и.ҳ.,

дотсент., мудири кафедраи ҳуқуқи

конститусионӣ

You might also like