Эмомалӣ Раҳмон: Сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурӣ Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад»
Чунин андешаронии сарвари давлат бори дигар далели он аст, ки масъалаи мазкур ба масъалаи стратегии давлатӣ табдил ёфта, тақдири ҳар як фарди наврас, барои калонсолон муҳим арзёбӣ мегардад. Дар замони муосир вақте, ки фазои иттилоотӣ ва тарғиботии Ғарбу Шарқ омехта шуда, барои таъсиррасонӣ ба тафаккури наврасон дар набарданд, метавон далели равшани онро дар ҳамроҳ шудани бархе аз ҷавонони ноогоҳу зудбовар ба гуруҳҳои террористиву экстремистӣ мебошад. Барои волидайн, аҳли омўзгорону донишмандони соҳаи сиёсатшиносӣ, педагогика, равоншиносӣ, ҳуқуқшиносӣ андешидани чораҳои зарурӣ ва бетаъхир лозим аст, ки сари вақт пеши роҳи чунин роҳгумзадагии ҷавонон гирифта шавад.
Мусаллам аст, ки дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи илму маориф ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ муайян гардида, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди он, тамоми имконоти худро истифода мебарад ва барои таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва ворисони сазовори халқу давлат пайваста кўшишу талош дорад. Ин тадбирҳо боиси беҳтар шудани нишондиҳандаҳои рушди нерўи инсонӣ гардида, ба амалишавии афзалиятҳои муайяншуда оид ба сатҳи зиндагӣ, саводнокиву маърифат, давомнокии умр ва дар маҷмўъ ба пешравии ҷомеа, болоравии сатҳи зеҳнияти он ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии сазовори аҳолӣ таъсири мусбат гузоштаанд. Ҳамзамон собит гардидааст, ки мактабу маориф инчунин омили муҳимтарини амнияти миллӣ низ мебошад, зеро дар ҷаҳони пуртазоди имрўза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб азхуд кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд.
Омўзгор дар меҳвари соҳаи маориф қарор дорад ва сатҳу сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онҳо маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шахсии омўзгор вобастагии зич дорад.
Сарвари мамлакат нахуст оид ба мазмун ва моҳияти паёми худ андешаронӣ намуда, ҳамзамон аз хатарҳои ҷаҳони муосир ва мушкилоти печидаи марҳилаи ҳассос таъкид карда, аз ҷумла афзуд, ки «Мо бояд тамоми саъю талоши худро ба хотири амалӣ намудани корҳои ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ пешбинигардида, яъне ободии Ватанамон, пешрафти давлатамон ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии мардумамон равона созем. Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем».
Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми суханронии хеш таъкид намудаанд: «Хуб медонам, ки мо бо чунин мардуми ватандӯсту заҳматкаш тамоми нияту нақшаҳои некамонро дар солҳои наздиктарин амалӣ мегардонем ва Тоҷикистони азизамонро ба як кишвари пешрафтаву неруманд ва ободу сарсабз табдил медиҳем. Дар ин ҷодаи пуршараф ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ тандурустӣ ва барори кор орзу менамоям».
Ин гуфтаҳои пешвои миллат моро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба гуфтаҳои мазкур эътибори ҷиддӣ зоҳир намоем ва бо кору созандагӣ барои ҳалли масъалаҳои дар Паём гузошта саҳми амалии худро расонем.
Маҳмудов М.Қ. – н.и.и., дотсент,
мудири кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ