Паём-қутбнамои миллат
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қутбнамои сиёсати дохиливу хориҷии кишвар
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-декабри соли 2024 дастури муҳими стратегие ба шумор меравад, ки барои ҳар як шаҳрванд ва рушди ҷомеаи мо муҳимияти хосcа дорад, дар шаҳри Душанбе дар бинои нави Парлумони Тоҷикистон ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» баромад намуданд.
Дар Паёми Пешвои миллат масоили татбиқи сиёсати хориҷӣ ва таъмини амнияти миллӣ яке аз мавзўҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ба таҳлили он диққати аввалиндараҷа дода шуд. Аз ин рў, Паём ҳамчун қутбнамо дар татбиқ ва таъмини масоили мазкур нақши калидӣ дорад. Ба андешаи мо, тамоми дастовардҳои сиёсати хориҷӣ ва масъалаҳои таъмини амният, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, пешрафт ва рушди устувори Тоҷикистон маҳз аз Конститутсия ва ин санади ҳаётан муҳим –Паёмҳои солонаи Президенти кишвар сарчашма мегиранд. Бояд ифтихор бояд зикр намуд, ки Паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хусусиятҳои таҳлилӣ ва самтгирии муайяни соҳаҳои мухталиф фарқкунанда буда, ҳамчун раҳнамои стратегӣ ба мардуми шарафманди тоҷик хизмат менамояд. Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд. Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст.
Метавон гуфт, ки маҳз натиҷаи ироаи ҳамин ҳуҷҷати муҳими барномавӣ аст, ки дар асоси он сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дуруст ва дақиқ пайгирӣ гардида, дар натиҷаи татбиқи ин сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон бо 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, узви комилҳуқуқ ва фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бонуфузи глобалӣ ва минтақавӣ мебошад.
Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем.
Кишвари мо ҳоло дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла дар масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ саҳми арзишманд дорад.
Агар мо мазмун ва муҳтавои нуқтаи зикршударо дар Паём таҳлилу таҳқиқ намоем, пас бояд хулоса намуд, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун барномаи таҳрезишуда ҷиҳати пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши калидӣ ва саҳми бузург дорад.
Иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои умдаи аҳли башар аз авлавиятҳоест, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд.
Моҳи июни соли ҷорӣ дар Душанбе Конфронси сеюми байналмилалӣ дар соҳаи об доир гардид.
Кишвари мо дар идомаи ташаббусҳои созандаи худ дар арсаи байналмилалӣ доир ба пешбурди мавзӯъҳои обу иқлим соли 2025-ум дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид мизбони аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд.
Татбиқи амалии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои об аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва аксарияти кишварҳои ҷаҳон якдилона дастгирӣ ёфта, махсусан, силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун «Раванди оби Душанбе» пазируфта шудааст, кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври хос муаррифӣ кардааст.
Дар паёми Пешвои миллат масоили сиёсати хориҷӣ ва амнияти миллӣ инчунин масоили татбиқ ва таъмини он, оид ба рушди ҳамкорҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои минтақавӣ мушаххас баён намудаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми муайян намудани самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола зимни ироаи Паём масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавиро яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвар арзёбӣ намуда, ба ин мавзуъ таваҷҷуҳи махсус медиҳанд.
Инчунин дар паём Пешвои миллат зикр намудаанд, ки мо бояд ҳамкориҳоро дар самти обу ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда идома дода, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар қолаби «Раванди оби Душанбе» тадбирҳои зарурӣ андешем.
Стратегияи кишвари мо зимни рушду тавсеаи муносибатҳо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ минбаъд низ дар заминаи ҳусни эътимод ва самимият бо ҳадафи мусоидат дар таҳкими фазои сулҳу субот ва таъмин намудани рушду пешрафти муштарак дар минтақа бунёд мегардад.
Тоҷикистон тавсеаи муносибатҳоро бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии худ медонад.
Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола бо кишварҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё омодагии хешро ҷиҳати идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо онҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷониба изҳор мекунад.
Мо ҳамеша ҷонибдори рушди ҳамкориҳои созанда бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асоси усули дӯстиву ҳамкорӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтирому эътимоди тарафайн дар минтақа мебошем.
Дар Паёми Пешвои миллат зикр гардидааст, ки, ки рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, суботи сиёсӣ ва оромиву осудагии мардуми Тоҷикистон аз таъмини амнияти миллӣ вобаста мебошад.
Яъне таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа дар шароити имрӯза зарурат ва аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.
Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти марбута дар ин самт тамоми чораҳоро меандешанд.
Аз ҷумла ба масъалаҳои омода кардани мутахассисони ба талаботи шароити муосир ҷавобгӯй барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи онҳо, инчунин, таҳкиму тақвияти пояҳои моддиву техникии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ минбаъд низ эътибори аввалиндараҷа дода мешавад.
Дар ин ҷода, мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст.
Бо дарназардошти ин вазъ, моҳи майи соли 2018 бо ташаббуси Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону кишварҳо дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки номи «Раванди Душанбе»-ро гирифтааст, баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш Тоҷикистон мавқеи устувори худро дар хусуси ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда ва ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ иброз намуд.
Зеро ҳамоҳангии фаъолият дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ ба эҷоди механизми боэътимоди муборизаи муштарак бар зидди хавфу таҳдидҳои амниятӣ мусоидат менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки Паёми имсолаи Пешвои миллатро ҳамчун
қутбнамои татбиқи сиёсати хориҷӣ ва таъмини амнияти миллӣ бояд аз тарафи ҳамаи қишрҳои ҷомеа ҳамачониба омўхта шавад ва аз ҳама муҳим дар татбиқи амалии он саҳмгузор бошанд. Илова бар ин Паёми мазкур дастури муҳими иҷтимоию сиёсӣ буда, ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро дарбар мегирад. Аз ин рў, зарур аст, ки дар муассисаҳои илмӣ- таҳқиқотӣ ва дигар сохторҳои марбутаи кишвар бояд барои омўзиши Паём ҳамчун дурнамои стратегию геополитикӣ ташаббус нишон дода дар асоси нуктаҳои Паёми Пешвои миллат навиштани рисолаҳои илмиро роҳандозӣ намоянд, барои тарбияи насли ҷавон нуқтаҳои паёмро сармашки худ қарор диҳанд.
Зеро Пешвои миллат инчунин зикр намуданд, ки дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад.
Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт.
Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд.
Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа