МУАММОҲОИ ТАРБИЯИ АХЛОҚИИ ҶАВОНОН
Муаммоҳои имрўзаи ҷавонон нуқсонҳои тамоми инсониятро инъикос мекунанд. Бинобар ин ҳалли чунин душвориҳо ба беҳбудии тамоми ҷамъият таъсир мерасонад.
Яке аз мушкилиҳои умдаи ҷавонони муосир, хоҳиш надоштани онҳо барои иҷрои кори муфид, ё тамоман майл надоштан ба иҷрои коре аст. Ҳар як падару модарро зарур аст, ки аз хурдсолӣ ба ба фарзанди худ дар баробари тарбияи дуруст, самти ҳаёти оянда-дурнамои зиндагӣ, аз ҷумла наврасӣ ва ҷавониро муайян намоянд, то дар нимароҳи ҳаёт, айёми наврасию ҷавонӣ гумроҳ гашта ба корҳои ношоиста-сигоркашӣ, истеъмоли машрубот, ҳатто ҷинояткорӣ даст назананд. Сатҳи иҷтимоии оилаҳо ва зарурати ҷустуҷўи даромад ба сифатнокии тарбияи насли ҷавон, маданият ва маърифати онҳо таъсир мерасонад. Кӯдакон аз паи ҷустани кори даромаднок аз мактаб дур мешаванд, барояшон дигар арзишҳои ҳаётӣ (пул, мол, ҳокимият) мақоми хоса пайдо мекунад.
Шароити вазнини зиндагӣ, набудани имконият барои худшиносӣ ҷавононро ба истеъмоли машрубот ва маводи мухаддир водор мекунад. Рӯзҳои охир муаммои кашидани сигори электронӣ дар байни ҷавонон ниҳоят калон гаштааст. Ин ҳолатҳо ҳатто дар макотиби миёна мушоҳида карда шуда истодааст, ҳодисаҳое ба назар мерасанд ки нафароне дигар ҳамсинф, ҳаммаслак ва ҳамсоли худро ба сигоркашӣ ҷалб кардаанд. Байни чавонон нуфузи бардуруғи тамокукашӣ пайдо гашта, ба назари онҳо «мод» менамояд.
Мушкилоти дигари муҳими насли наврас ин вобастагӣ аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Интернет дар ҳаёти ҷавонон мавқеи мустаҳкамро ишғол кардааст, ки бешубҳа ҷиҳатҳои ҳам мусбӣ ва ҳам манфӣ дорад:
- ба омӯзиши зеҳнӣ кӯмак мекунад;
- интернет ҷустуҷӯи иттилооти заруриро осон мекунад;
- дар масофаи дур муошират карданро имконпазир мегардонад;
Инчунин ивазкунандаи баъзе чизҳои воқеӣ мебошад, ки ҷояшро ягон зеҳни сунъӣ нахоҳад гирифт;
- Муоширати зинда ба руҳияи насли ҷавон таъсири мусбӣ мерасонад, байни падару модар ва фарзанд алоқаи зичи равонӣ пайдо гашта, ба асаби кудак ваккум пайдо намешавад.
Яке аз мушкилоти асосии ҷавонон ба таври дуруст қабул накардани панду маслиҳат аз ҷониби калонсолон, волидон мебошад. Аксаран наврасон аз сабаби набудани ҳамдигарфаҳмӣ байни онҳо ва калонсолон, хонаро тарк мекунанд, ҳатто тасмим мегиранд, ки худкушӣ кунанд. Ин аз сабаби ҳолатҳои руҳии ноустувор доштан, ба мавҷҳои эсосотӣ, аз қабили ишқи ноком ки наврасон ба он аҳмияти махсус медиҳад, дода шудани ҷавонон буданаш мумкин. Ҷинояткорӣ як мушкилии муҳими ҷавонони муосир буда, таваҷҷуҳи хосаро ба худ ҷалб мекунад. Агар ақл солим ва тарбияи дуруст волоият нишон диҳад, садди роҳи чунин ҳолатҳоро гирифтан мумкин.
Мебинем, ки чӣ тавр ҷавонони муосир ба ҷои фаъолияти таълимӣ, донишандўзӣ ҳаёти шабгардиро афзалтар медонанд. Онҳо мехоҳанд мустақил бошанд, ва ҷинси муқобилро ба худ ҷалб намоянд, бовар доранд, ки нишондиҳандаи “калонсолӣ” бевосита ба “қаҳрамонӣ” алоқаманд аст, ки аксаран ин бо рафтори нодуруст вобастагӣ дорад.
Ҳалли ин мушкилот, албатта, бояд аз оила оғоз шавад. Волидайнро лозим аст, ки ба фарзанд дар наврасӣ бисёртар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, ки фарзандашон чӣ гуна, бо кӣ ва дар кадом ширкат вақт мегузаронад. Кӯдак агар аз хурдӣ ба чизе рағбат дошта бошад, хатари ба ҳолати бад афтоданаш кам мешавад. Барои пешгирии ин муаммоҳо ба масъалаи муҳити истироҳати ҷавонон, фаро гирифтани вақти холии онҳо, ҷалби ҷавонон ба чорабиниҳои шавқовар, аз ҷумла барои истироҳати маданӣ; ҳавзи шиноварии бепул, сексияҳои варзишӣ, маҳфилҳои ҳаваскорони бадеӣ лозим аст. Ба насли наврас чорабинӣ ва ҷойҳое намерасад, ки онҳо барои истироҳат рафта, бо кори муфиду ҷолиб машғул шаванд.
Коршиносони мегӯянд, ки ҷавонони муосир дар ҳаёт бояд афзалиятҳои дигар дошта бошанд. Дар навбати худ, давлат ба мушкилоти ҷавонон таваҷҷўҳи бештар диҳад: дар муассисаҳое, ки танҳо бо мушкилоти ҷавонон кор мекунанд, дастгирӣ карда, ба ҷавонон ёрии самарабахши равонӣ ва иҷтимоӣ расонанд; таваҷҷуҳи зиёдтар ба рушди варзиш, ҷалби насли наврас ба варзиши касбӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солими ҷавонон, ҷалбнамоӣ на танҳо ба шуғли ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, балки ширкатҳои хусусӣ ва васоити ахбори омма низ бошад.
Асророва М.А.- н.и.и., дотсент,
сардори раёсати КИТ ва РИ