Иҷлосияи XVI Шўрои олӣ – анҷумани саодати миллат
Яке аз санаҳои бузурги таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик ин баргузории Иҷлосияи XVI Шўрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи тоҷикон нақши барҷастае дорад. Ин нукта зимни суханронии иштирокчии Иҷлосияи тақдирсоз Баҳриддин Ахмедов дар чорабинӣ бахшида ба 27-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ДДҲБСТ доир гардид, шунида шуд. Дар чорабинии мазкур роҳбарияти донишгоҳ ва устодону донишҷӯён ширкат намуданд.
Баҳриддин Ахмедов зимни суханронияш ба ҳозирин, ки худ бевосита иштирокчии Иҷлосияи мазкур буд, аз мақому манзалат ва бузургии он, ки ба ояндаи миллату мардуми тоҷик нақши барҷаста гузошт, маълумот дод.
Маҳз дар таърихи 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 Иҷлосияи Шўрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, дар Қасри Арбоби хоҷагии ба номи Саидхўҷа Ўрунхўҷаев баргузор гардида, он сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ барқарор намуд. Ҳамчунин, ин иҷлосияи таърихӣ заминаи мусоиде барои рушду нумўи ҷомеа ва пешрафти Тоҷикистон фароҳам овард.
Илова гардид, ки дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кўтоҳ тавонист, оташи ҷанги дохилиро хомўш намояд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва нерўҳои посбони сарҳадро таъсис дода, аксарияти мутлақи гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад ва ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонад. Хушбахтона, давлат ва миллати мо дар ҳассостарин лаҳзаи таърихӣ роҳбари худро пайдо намуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа


