Сиёсати созанда-кафолати сулҳ
Албатта, барои ҳар миллату халқият пеш аз ҳама озодӣ, Истиқлолият муҳим буда, миллати мо дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта Истиқлолияти худро, ба даст овард.
Кулли сокинони кишвари мо имрўз ифтихор аз он доранд, ки 31 сол қабл нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти давлатдории миллии худро гузоштанд. Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар оғози даврони истиқлолият бо таъсири бархе аз неруҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ кишвари мо ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандии бародаркуш кашида шуда, боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, хисороти бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гардид, ки ин ҳама появу рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонид, дар кишвар беқонуниятӣ ва бесомониҳоро ба вуҷуд овард.
Ҳарчанд баъд аз ба даст овардани Истиқлолият сарзамини кишвари моро нобасомониҳо фаро гирифта бошад ҳам, тавассути хизматҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик ва бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нобасомониҳо ба поён расида, боз кишвари азизи мо рӯ ба пешравии иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ниҳод.
Аз соли 1991 инҷониб Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои беназир соҳиб гаштааст, ки ҳамаи ин таввасути Истиқлолият мебошад. Даврони Истиқлолият барои мо ҷавонон имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкориҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшида, олитарин дараҷаи бахту саодати воқеӣ миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи саодатмандӣ, мазҳари идеяву ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмиллалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутаммадин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Акнун, пас аз гузаштани солҳо ва ба даст овардани баъзе комёбиҳои муҳим метавонем чунин хулоса намоем,ки маҳз давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисодӣ ба набзи иқтисодии ҷаҳонӣ роҳ кушоем.
Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксари давлатҳои дунё шартномаҳои гуногун ба имзо расонида дар дохили кишвар бошад ободкорию бунёдкорӣ рӯшд ёфта, тамоми соҳаҳои илм, иқтисодиёт, саноат, кишоварзӣ, энергетика рӯ ба тараққӣ ниҳода, таввасути ин соҳаҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар як муддати кӯтоҳ ба комёбиҳои бузург ноил гардад.
Ҳоло давлати мо дар самти тараққиёт қадамҳои устувор гузошта, дар бисёр нишондиҳандаҳо дар минтақа пешсаф мебошад. Иқтисодиёти Тоҷикистон баланд шуда, мо ба кишвари содиркунанда табдил гардидем.
Бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар оянда низ кишвари азизамон аз ин дастовардҳое ноилгашта дида зиёдтар ба дастовардҳои беназир соҳиб шуда, ободу зебо гардад ва боиси зикр аст, ки бигузор ҳамеша дар кишвари азизамон сулҳу оромӣ пойдор, Парчамаш доимо партавафшон, осмонаш софу беғубор ва сокинонаш дар фазои тинҷу осудаи Ватан кору зиндагӣ намоянд.
Поянда бод Ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва сиёсати созанда ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!