Ғолибияти магистранти ДДҲБСТ дар озмуни ҷумҳуриявии “Конститутсиядони беҳтарин”

Бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва таҷлили 30- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Конститутсиядони  беҳтарин” ташкил ва баргузор гардид.

Боиси ифтихор аст, дар даврҳои озмуни мазкур, ки даври аввали он санаи 6 ноябр ва даври дуюм санаи 15 ноябри соли 2024 доир шуд, магистранти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Пирматов Аброр  Акбаралиевич, ки айни ҳол дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебарад, сазовори ҷойи аввал гардида, бо «Ифтихорнома»-и мақомоти мазкур сарфароз гардонида шуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like