Дастовардҳои донишҷўёни ДДҲБСТ дар доираи лоиҳаи “Дастрасӣ ба адолати судӣ”- и Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид
Санаи 12 декабри соли 2024 дар доираи лоиҳаи “Дастрасӣ ба адолати судӣ”-и Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодони факултети ҳуқуқшиносӣ, дотсентон Ҳомидова М.Ф. ва Зиёбоева М.Н. бо донишҷӯёни факултети мазкур, курси 4-ум Шокиров Фаррух, Ҷумабоев Сиёвуш, Буриев Кишвар, Шӯҳратзода Табассум, Назарзода Заррина, Кушнерюк Елизавета, Бобоева Жасмин, курси 3-юм Сатторова Адиба, Абдуллоева Марворид ва курси 2-юм Ҳоҷиев Муҳаммадалӣ дар “Бозии миллии кории судӣ”, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, иштирок намуда сазовори ҷои аввал ва ҷоизаи “Беҳтарин баромади шифоҳӣ” гардиданд. Дар “Бозии миллии кории судӣ” 6 донишгоҳҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Бохтар, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии Хоруғ иштирок намуданд. Қобили қайд аст, ки донишҳои ҳуқуқӣ ва малакаҳои касбии донишҷӯёни риштаи ҳуқуқро судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иноятулло Ғуломзода, Матин Бобозода ва Темур Ҳафиззода баҳогузорӣ намуданд.
Ҳамчунин бояд зикр намуд, ки донишҷӯи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносӣ Шокиров Фаррух дар асоси хулосаи якҷояи ҳайати доварон аз рӯи номинатсияи “Донишҷӯёни бо зиёдтарин дастовардҳо” соҳиби ҷоиза гардид.
Ҳамин тариқ, дастаи донишҷӯёни ДДҲБСТ сазовори ду ҷоиза гардида, ба ҷоизаи “Донишҷӯёни бо зиёдтарин дастовард” аз ҳар як донишгоҳ интихоб карда шуда, ба ҷоизаи “Беҳтарин баромади шифоҳӣ” донишҷӯёни донишгоҳамон сазовор гардиданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа