Таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии ДДҲБСТ бо муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Мардумии Чин
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба густариш додани ҳамкориҳои байналмилалӣ дастгирӣ намуда, барои рушди он саҳми назаррас гузошта истодааст.
Санаи 10 декабри соли 2024 бо таклифи расмии сардори раёсати таҳсилоти олии касбии вилояти Ляонинг, шаҳри Шеняни Ҷумҳурии Мардумии Чин сардори раёсати корҳои илми-таҳқиқотӣ ва рушди инноватсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, н. и. и., дотсент Асророва М.А. ва декани факултети муштараки ДДҲБСТ-ДДИТ, н. и. ҳ., дотсент Бойматова Д. П. ба шаҳри Шеняни Ҷумҳурии Мардумии Чин сафарбар карда шуданд. Намояндагони донишгоҳамонро сардори раёсати таҳсилоти олии касбии вилояти Ляонинг, шаҳри Шеняни Ҷумҳурии Мардумии Чин Жасмин пазироӣ намуд.
Ҳадафи сафари устодони донишгоҳамон иштирок ва баромад дар чорабинии байналмилалии “Ҳамкории иқтисодии байналмилалии Ляонинг-2024” буда, санаи 11 декабр ба муассисаи таҳсилоти олии касбии вилояти Ляонинг, шаҳри Шеняни Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварданд. Раёсати муассисаи мазкур меҳмононро хайра мақдам гуфта, оид ба ҳамкориҳои судманд дар самти ҷорӣ намудани таҳсилоти дуалӣ байни донишгоҳҳои ҳамкор ҳамсӯҳбат шуданд.
Ҳамчунин, санаҳои 12-13 декабри соли 2024 баргузории чорабинии байналмилалии “Ҳамкории иқтисодии байналмилалии Ляонинг – 2024” дар назар аст.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа