Тақвияти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар зинаи таҳсилоти магистратураи ДДҲБСТ
Шуъбаи магистратураи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолияти худро дар тайёр намудани магистрантони сатҳи баланди тахассусмандӣ равона намуда, мақсади асосии фаъолияти шуъба таъмин ва назорати тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогӣ, инчунин баланд бардоштани иқтидори зеҳнии донишгоҳ мебошад.
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба тақвият бахшидан дар самти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, алоқамандии илм бо истеҳсолот, истифодабарии самараноки технологияҳои рақамӣ дар корҳои илмӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва таърихи тамаддуни халқи тоҷик, раёсати донишгоҳ дар зинаи таҳсилоти магистратура ташкили якчанд ихтисосҳои замонавиро ба нақша гирифта, айни замон зиёда аз 150 нафар магистрантон аз 8 ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ мутахассисони ба бозори меҳнат ҷавобгӯйро омода намуда истодааст.
Тибқи нақшаи кории шуъбаи магистратура, дар ҳамкорӣ бо раёсати илм ва инноватсия, раёсати таълим дар шуъба якчанд ҷаласаҳо баргузор гардиданд, ки дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, аз ҷумла:
- қабул ба зинаи таҳсилоти магистратура;
- ҷараёни таълим дар магистратура;
- интихоби мавзуъҳои мубрами илмӣ дар асоси амалишавии барномаву стратегияҳои давлатӣ;
- ташкили аттестатсия ва қабули ҳисоботи семоҳаи магистрантон;
- ташкили семинари илмӣ- машваратӣ (доир ба таҳияи мақолаи илмӣ ва рисолаи магистрӣ);
- ташкили озмунҳои гуногун ва ҷалби магистрантон барои иштирок дар конференсияҳои илмӣ;
- иштирок дар чорабиниҳои илмие, ки магистрантон корҳои илмии худро муаррифӣ мекунанд ва барои дар амал татбиқ намудан баррасӣ менамоянд.
Бояд зикр кард, ки дар се моҳи аввали соли хониш магистрантон дар семинарҳо, конференсияҳои илмӣ, форумҳо ва озмунҳо иштирок намуда, шароиту имкониятҳои дар зинаи таҳсилоти магистратураро самаранок истифода бурда истодаанд. Инчунин магистрантоне, ки корҳои илмӣ – таҳқиқотиро дар зинаи доктор аз рӯи ихтисос (PhD) давом додан мехоҳанд, дар муҳокимаи ҳимояи пешакии докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) фаъолона иштирок намуда истодаанд.
Ҳамзамон, дар нақшаи шуъбаи магистратура ташкили мизҳои мудаввар бо корхонаву ташкилотҳои гуногун, оид ба баррасии мавзуъҳои рисолаҳои магистрӣ, ҷиҳати алоқаманд намудани он бо истеҳсолот пешбинӣ гардидааст.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа