Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ омили асосии муқовимат ба коррупсия
Дар доираи ҳафтаи кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ – амалии вилоятӣ таҳти унвони “Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ омили асосии муқовимат ба коррупсия” баргузор гардид. Конференсияро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ҳусни оғоз бахшида, доир ба коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок сухан намуда иброз дошт, ки барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он бояд тамоми аҳли ҷомеа фаъол бошад. Дар донишгоҳ баҳри амалӣ гардидани Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 чораҳои ҳамаҷониба амалӣ намуда истодааст. Ҳадафи асосии конференсияи имрӯза аз натиҷаи кори он пайдо намудани таклифу пешниҳодҳои илман асоснок ҷиҳати пешгирӣ ва паст кардани сатҳи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта мебошад.
Дар кори конференсия Каримӣ Ҳамза Ҳакимзода, сарнозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники адлия дар мавзуи “Коррупсия ҳамчун падидаи номатлуби иҷтимоӣ ва чораҳои мубориза бо он”, Исозода Нозим Маҳмуд, сармутахасиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ ва робита бо ҷомеаи Раёсати адлияи вилояти Суғд дар мавзуи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030″, Ғафурӣ Меҳриддин Садриддин, н.и.ҳ., дотсент, сардори факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия дар мавзуи “Таҷассумёбӣ ва амалишавии меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, Мухторзода Киромиддин Тоҷиддин, н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзуи “Чораҳои пешгирии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта дар соҳаи тандурустӣ”, Акилов Фирдавс Илҳомович, н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалии “Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд”- и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мавзуи “Санадҳои миллӣ ва байналмилалии муқовимат ба коррупсия” баромад намуданд.
Конференсия бо таҳлилу баррасӣ ва саволу ҷавоб байни иштирокчиён ба анчом расид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа