Тантанаи чорабиниҳо дар ДДҲБСТ ба ифтихори Рӯзи Президент, солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами миллӣ
Ба истиқболи таҷлили Рӯзи Президент, солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами миллӣ дар тамоми кафедраву факултетҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабиниҳои сиёсӣ ва адабию фарҳангӣ идома доранд.
Дар факултети молия чорабинии адабию фарҳангӣ таҳти унвони “Мо пайравони Пешвои миллат ҳастем”, дар кафедраи молия ва қарз дарсҳои кушоду намунавии тарбиявӣ, дар кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи факултети бизнес ва идоракунӣ дарси кушоди тарбиявӣ бо номи “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот”, дар кафедраи сиёсатшиносӣ дарси намунавӣ-амалӣ, дар кафедраи хадамоти гумрук мизи мудаввар таҳти унвони “Президенти ман-ифтихори ман”, дар кафедраи фанҳои риёзӣ ва табиатшиносии муосир чорабинии тарбиявӣ бо номи “Пешвои миллат-кафили зиндагии шоистаи мардум”, дар кафедраи забони тоҷикӣ дарси кушод таҳти унвони “Пешвои миллат-меъмори сулҳу ваҳдат” ва дар кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Асарҳои Пешвои миллат раҳнамои ҷавонон” ташкилу баргузор гардиданд.
Зини баргузории маҳфилу дарсҳои намунавӣ ва кушод ҳамчунин мизҳои мудаввару семинарҳо устодону донишҷӯён бо мавзӯъҳои алоҳида, ки фарогири хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, маърӯзаҳо намуданд.
Ҳадаф аз ҳамаи чорабиниҳои доиргардида, эҳтирому арҷ гузоштан ба санаҳои таърихӣ, қадр намудани хизматҳои Пешвои миллат ва густаришу нуфузи иду ҷашнҳои миллӣ маънидод гардид. Дар дигар кафедраву факултетҳои донишгоҳ баргузории мулоқоту вохӯриҳо ва чорабиниҳои дигар идома дорад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа









