Саҳми ҷавонон дар пешгирии ҷинояткорӣ
Ба ҳар яки мо маълум аст, ки ҳар як миллат таъриху фарҳанг, адабиёту санъат, расму оин ва сиришти худро дорад ва дар заминаи он инкишоф меёбад. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як ҷавон аст, ки дар шинохти миллати худ оҷиз набошад ва аз шебу фарози роҳи таърихии тайкардаи ӯ комилан огоҳ бошад. Ҳам аз ҷиҳати ботинӣ ва ҳам аз ҷиҳати зоҳирӣ миллати худро шиносад.
Имрӯз бо ташаккул ёфтани равандҳои гуногуни сиёсӣ дар ҷаҳони муосир сатҳи худшиносии миллии ҷавонон аҳамияти хосаро касб менамояд. Дар раванди ҷаҳонишавӣ бисёре аз арзишҳои аслии инсонӣ аз байн рафта, ҷойи онҳоро арзишҳое мегиранд, ки сунъию сохта ва фалаҷкунандаи мафкура, фарҳанг ва ахлоқ мебошанд. Ин раванд боиси коста гардидани сатҳи худшиносии миллии мо гардида, дар ин замина барои пойдории давлату миллат хатар эҷод мекунад.
Мо бояд фаромӯш насозем, ки миллати мо тамоми арзишҳои моддию маънавӣ, адабию ахлоқӣ ва фарҳангию таърихиеро, ки барои як миллати комил хос мебошад доро аст.
Бузургони гузаштаи мо пайваста тарғиб намудаанд, ки соҳибҳунар ва соҳибкасб бошем. Касбу ҳунар инсонро соҳибмақом месозад ва ризқу рузияшро зиёда мегардонад. Сарчашмаҳои таърихӣ далели онанд, ки миллати мо миллати соҳибҳунар ва созандаву тавоно аст. Мо ҳунарҳои зиёди миллӣ дорем, ки мероси бузург аз гузаштагон аст. Оҳангарию чӯбтарошӣ, кулолгарию меъморӣ, рассомию бофандагӣ, дӯзандагию пазандагӣ, наққошию гулдӯзӣ нишонаи соҳибтамаддунии миллат аст. Имрӯз хонадони ҳар яки моро ашёҳои миллии рӯзгордорӣ оро медиҳанд, ки бо санъати баланди ҳунармандӣ сохта мешаванд ва асоси таърихӣ доранд. Ҳамзамон шаҳрҳои бузурги таърихӣ, ки бо санъати баланди меъморӣ ва ҳунармандию наққошӣ сохта шудаанд далели ин гуфтаҳоянд.
Дар фарҳанги ғайримоддии мо расму оин ва ҷашнҳои миллӣ ҷойгоҳи махсусро касб менамоянд. Мазмуни аслии расму оини миллии моро дар маҷмӯъ инсондӯстию раъиятпарварӣ, хайрхоҳию накукорӣ, дастгирии ятимону барҷомондагон, эҳтироми волидайн ва калонсолон, созандагию бунёдкорӣ, ободонию зебоипарастӣ, ҳусни ҳамсоягӣ, раҳму шафқат, ҳамдардию ҳамбастагӣ, муттаҳидию ягонагӣ, сулҳдӯстию хушрӯзӣ ташкил медиҳад. Ҳамаи ин амалҳо ва хислатҳои накуро, ки аз расму оини миллӣ бар меоянд мо ҷавонон бояд дар сиришти худ ҷой диҳем ва пеша дар кору пайкори худ кунем.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мо дубора ба асолати миллии худ бар гаштем. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат чунин қайд менамояд: «Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки бузургиву устуворӣ ва қудрату ғановати ваҳдати миллии мо аз сатҳи худшиносии миллӣ, омӯзиш ва корбасти арзишҳои неки миллӣ, ҷанбаҳои созандаи маданияти моддӣ ва маънавии миллат вобастагӣ дорад».
Дар масири таърих нотавонбинон зиёд кӯшишҳо кардаанд, ки хотираи таърихӣ, фарҳангу адабиёт ва ба ҳамин восита миллати моро нест созанд. Аммо рӯҳияи худшиносии миллат ҳастии онро нигоҳ доштааст. Худшиносии миллӣ ҷавҳари асосии эҳтироми шахс нисбат ба гузаштаву имрӯз ва ояндаи миллати худ аст. Мо танҳо дар заминаи хотираи таърихии худ метавонем аз хатоҳои роҳи давлатдорию давлатсозӣ воқиф бошем ва бо хираду заковати аслӣ ба пеш огоҳона қадам гузорем. Имрӯз таҳкими раванди худшиносӣ ва худогоҳӣ дар кишвари мо барои густариши тафаккури навини миллӣ замина фароҳам овард, ки ҷавҳари онро ҳифзи истиқлолу якпорчагии давлат ва сарҷамъиву ваҳдати миллӣ дар пояи андешаи миллӣ ташкил медиҳад.
Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат чунин ибрози ақида намудаанд: «Мо имрӯз дар марҳалаи такомули давлати миллии худ қарор дорем. Дар ин давраи тақдирсоз осори гузаштагони маъруфи халқи тоҷик ва тамаддуни оламшумули он дар тақвияти раванди ташаккули андеша ва худогоҳиву худшиносии миллӣ, таҳкими асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва заминаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон нерӯи бузург ва созанда мебошанд. Андешаҳои бузургони миллат дар ҳар давру замон, бахусус дар даврони ташаккули рӯҳи озодиву истиқлолхоҳӣ доираҳои васеи мардумро фаро гирифта, ҷавҳари худшиносӣ ва худогоҳиро дар худ таҷассум намудаанд. Муҳимтарин ҳадафи онҳо эҳёи асолати таърихиву фарҳангӣ, шукӯҳу азамати давлатдории аҷдодӣ ва бунёди низоми адолатпеша буда, ин афкору ғояҳо тадриҷан ба нерӯи бонуфузи ғоявӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ табдил ёфтаанд».
Мо ҷавонон фаромӯш накунем, ки худогоҳиву худшиносӣ танҳо ифтихор аз дастовардҳои илмиву адабӣ ва фарҳангии миллати хеш нест, балки пойгоҳи устувори маънавиест, ки ҷавонони бонангу номус ва огоҳу бедордили миллатро ба қиёсу хулосабарориҳо ва созандагиву бунёдкориҳо ҳидоят месозад.
Худогоҳиву худшиносии миллӣ мо ҷавононро водор месозад, ки ба қадри модар – Ватан, муқаддасоти миллӣ – истиқлолият, озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ, адабиёти оламшумул ва таъриху маданияти куҳани халқи худ бирасем ва барои ба наслҳои оянда гузоштани мероси арзанда кӯшишу талош варзем.
Роҳҳои пешгирии ҷавонон ҷиҳати ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ нагардидани ҷавонон
- Доштани саводи комили сиёсӣ ва динӣ.
- Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як ҷавон аст, ки дар шинохти миллати худ оҷиз набошад ва аз фарози роҳи таърихии тайкардаи ӯ комилан огоҳ бошад. Ҳам аз ҷиҳати ботинӣ ва ҳам аз ҷиҳати зоҳирӣ миллати худро шиносад.
- Дар раванди ҷаҳонишавӣ бисёре аз арзишҳои аслии инсонӣ аз байн рафта, ҷойи онҳоро арзишҳое мегиранд, ки сунъию сохта ва фалаҷкунандаи мафкура, фарҳанг ва ахлоқ мебошанд. Ин раванд боиси коста гардидани сатҳи худшиносии миллии мо гардида, дар ин замина барои пойдории давлату миллат хатар эҷод мекунад. Аз ин лиҳоз вазифаи аввалиндараҷаи мо дар замони ҷаҳонишавӣ нигоҳ доштани урфу одати миллӣ ва ба тариқи он эҳтиром гузоштан ба анъана ва урфу одатҳои миллиамон мебошад.
- Бузургони гузаштаи мо пайваста тарғиб намудаанд, ки соҳибҳунар ва соҳибкасб бошем. Касбу ҳунар инсонро соҳибмақом месозад ва рисқу рузияшро зиёда мегардонад. Сарчашмаҳои таърихӣ далели онанд, ки миллати мо миллати соҳибҳунар ва созандаву тавоно аст. Мо ҳунарҳои зиёди миллӣ дорем, ки мероси бузург аз гузаштагон аст. Аз ин лиҳоз, моро мебояд ҷиҳати ба доми фиребгарон наафтодан ва ба умеди маблағи онҳо намбудан соҳиб ҳунару соҳиб касб бошем то ризҷу рӯзии ҳалоли худро дарёбем.
Ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯтии ҷавонон моро мебояд, ки пеш аз ҳама дар ботини онҳо ин ҳисро ҷойгир намоем.
Ва корро дар ин самт мо бояд аз ҳамон кӯдакистонҳо оғоз намоем ва се ниҳоди асосие, аз ҷумла оила, мактаб ва ҷомеа, ки барои тарбияи насли наврас вазифадор мебошанд бояд дар ин самт саҳми муносиб гузоранд.
Барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, ба фикри банда чунин корҳоро бояд ҷоннок кард.
- Дар кӯдакистонҳо ба кӯдакон аз худ кунонидани шеърҳои дорои муҳтавои ватандӯстӣ дошта;
Дар муассисаҳои таълимӣ ба хонандагон бисёртар доир ба қаҳрамониҳои гузаштагонамон барои ҳифзи ватан маълумот додан, то дар ҳисси насли наврас барои ҳимояи Ватан меҳр ва шавқ пайдо гардад;
- Бо таърихи халқи тоҷик пурра ошно намудани насли ҷавон, то дар онҳо ифтихори тоҷик ва тоҷикистонӣ будан пайдо ва пойдор гардад;
- Шиносоии хонандагон бо мавзеҳои таърихии Тоҷикистон бо мақсади огоҳонии онҳо бо таърихи худ;
- Пурра намудани фазои иттилоотии кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо маводҳои дорои муҳтавои ватандӯстӣ дошта;
- Аз кӯдакӣ мусоидат намудан ба фарзандон то онҳо боҷуръат бошанд. Яъне ҳамаи корро боҷуръатона иҷро намоянд. Зеро дӯст доштан ҳам ҷуръатро талаб менамояд.
- Калонсолон ҳамеша бояд насиҳатгари фарзандон дар роҳи ҳимояи Ватан-модар бошанд. Зеро имрӯзҳо пӯшида нест, ки баъзе нафарони насли калонсол барои саркашӣ намудани фарзандони худ аз Хизмат намудан дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа