Маросими кушодашавии Конференсияи байналмилалии “Роҳи Абрешим” дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин

Бо даъвати Донишгоҳи забонҳои хориҷии шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин н.и.с., муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷӣ Рустамзода Завқиддин Рустам ҷиҳати иштирок дар Форум оид ба рушди баландсифати таълими забони чинӣ, ки санаҳои 02.12- 04.12.2024 дар шаҳри Сиан баргузор мегардад, ба музофоти Шанши ташриф оварда, дар маросими кушодашавии Конференсияи  байналмилалии «Роҳи Абрешим» оид ба ҳамгироии истеҳсолот, маориф, тадқиқот ва татбиқи онҳо , конференсияи ҳамкорӣ ва мубодила дар соҳаи маориф «Роҳи Абрешим», таҳти унвони «Қувваҳои истеҳсолкунандаи сифати нав: оғози нави Роҳи Абрешим”, ки аз ҷониби Сарраёсати маорифи музофоти Шанши дар шаҳри Янглинг баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар маросими кушодашавии конференсияи мазкур коршиносон, муҳаққиқон ва ректорони донишгоҳҳо аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва намояндагони дигари соҳаи маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузории Форуми мазкур  рушди таълими забони чинӣ дар Осиёи Марказӣ, мушкилот ва имкониятҳое, ки омӯзгорон ва донишҷўён рӯ ба рӯ мешаванд, ҳамчунин роҳҳо ва стратегияҳои рушди сифати таълими забони чинӣ дар оянда ба ҳисоб меравад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

 

 

 

You might also like