Пайдоиши экстремизму ифротгароӣ байни ҷавонон

Яке аз мушкилиҳое, ки солҳои охир ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб ва хатаровар ба ҳисоб меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ҷанги шаҳрвандӣ давраи вазнинро паси сар кард, ки ба нобуд гардидани саноату иқтисод, коҳишёбии сатҳи зиндагии аҳолӣ ва дар ҳолати қашшоқӣ қарор гирифтани қисми зиёди шаҳрвандони кишвар марбут мебошад. Дар баробари ин сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии мардум, хусусан ҷавонон коста шуда, мамлакати мо ба бўҳрони иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рў ба рў шуд. Сатҳи ҷинояткорӣ афзоиш ёфт, дар мамлакат бекорӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ то рафт зиёд мегардид. Табиист, ки дар ин ҳолат сатҳи диндории аҳолӣ меафзояд. Чунки аксари аҳолии кишвар, аз ҷумла, ҷавонон дар назди нобаробариҳои зиндагӣ ва масъалаҳои иҷтимоӣ ночор мемонанд ва рўй ба дину мазҳаб меоранд. Вазъияти мазкур барои фаъолияти нерўҳои ифротӣ мусоид мебошад. Шахсони масъули ташкилотҳои ифротии динӣ бо истифода аз ин вазъият, таблиғоти худро тавқият дода, як табақаи осебпазири аҳолӣ, махсусан, ҷавононро ба тарафи худ ҷалб менамоянд, ки дар натиҷа дар ҷомеа тундгароӣ меафзояд.

Гарчанде ки ин раванд коҳиш ёфта бошад ҳам, лекин то ҳанўз дар кишварамон идома дорад.

Баҳри ноилгардӣ ба мақсадҳои сиёсӣ, аксаран ташкилотҳои динии экстремистӣ маҳз ба фаҳмиши динию ҷаҳонбинии одамон таъсир расонида, онҳоро ба доми худ мекашанд. Лекин, таърихи афкору андешаҳои инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш дар ҳеҷ замон душмани дину имон набуд. Ҳеҷ як мутафаккир ё донишманди асил на дар гузашта ва на имруз бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ ва ҷаҳолатро мавриди мазаммат қарор додаанд.

Ҳамаи ин ҳодисаҳо ҳақиқатеро асоснок менамоянд, ки мушкилии аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ таъсир расонида, бехатарии давлатҳои хурду калони оламро ба хатари ҷиддӣ рў ба рў кардааст. Чунин ҳодисаҳо бори дигар исбот менамоянд, ки терроризм ва экстремизм ба мисоли вабои аср хатари глобалӣ дошта, худи террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.

Яке аз омилҳои пайдоиш ва ривоҷи ифротгароӣ таҳсили ҷавонони кишвар дар муассисаҳои таълимии динии хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Дар давраи соҳибстиқлолӣ шумораи зиёди ҷавонони кишвар дар муассисаҳои таълимии динии кишварҳои арабӣ, Эрон, Афғонистону Покистон таҳсил намуда, бархе аз онҳо зери таъсири мазҳабҳои дигар, равия ва ҷараёнҳои хатарноки мазҳабӣ қарор гирифтаанд. Баъди ба ватан бар гаштан, хатмкардаҳои таълимгоҳҳои динии хориҷӣ дар Тоҷикистон ҳамон ақидаҳои радикалиеро, ки барои ҷомеаи муосири мо бегона аст, таблиғ мекунанд. Ҳамаи ин боис мегардад, ки дар кишвар тундгароӣ афзоиш ёбад. Аз ин рў, рафтани ҷавонон барои таҳсил ба хориҷа бо роҳҳои ғайрирасмӣ хатари зиёд дорад. Шахсони масъули нерўҳои тахрибкор, махсусан, ҷавононро бо ваъдаҳои бардурўғи диниву дунявӣ ба равандҳои террористӣ ҷалб мекунанд. Барои ҳамин ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвари азизамон муҳофизат карда шавад.

Мо бояд ба қадри неъматҳои даврони истиқлол, ки дар тўли зиёда аз сӣ сол ба даст оварда шудааст ва муқаддастарин арзишҳои давлату давлатдорӣ бирасем, чунки ҳифзи ин неъмати бебаҳо барои ҳар як фарди ҷавон қарз, масъулият, шараф ва номуси ватандорӣ маҳсуб меёбад.

  Саидҷонов С.Ш., н.и.и., муаллими калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ

You might also like