Иштироки донишҷӯёну магистрантони донишгоҳ дар Форуми минтақавӣ
Санаи 29 ноябри соли 2024 донишҷӯён ва магистрантони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар IT Форуми минтақавӣ таҳти унвони “Фазои рақамӣ” ширкат варзида, ихтироот ва дастовардҳояшонро, аз қабили 3D-принтер, батареяи гравитатсионӣ ва ғайраҳо муаррифӣ намуданд. Корҳои донишҷӯён таваҷҷуҳи зиёди иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд. Иштирокчиён бо эътироф ва ҳавасмандии баланд аз ихтирооти донишҷӯёни мо изҳори хушнудӣ карданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар Форуми мазкур меҳмонон аз Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат доштанд. Хамчунин донишҷӯён ва магистрантон доир ба технологияҳои муосири рақамӣ маълумотхои зарурӣ гирифтанд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа