Эмомалӣ Раҳмон ва Иҷлосияи тақдирсоз
Иҷлосияи 16-уми Шўрои олии Ҷумҳури Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ ба шумор рафта, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз тавонист дастгоҳи нави давлатиро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеа мебошад, рўи кор оварад.
Ба муносибати Рӯзи Президент, солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами давлатӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон яқ қатор чорабиниҳои гуногун аз қабили мизҳои мудаввару семинар баргузор гардиданд.
Дар кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи факултети ҳуқуқшиносӣ семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Аҳамияти Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид. Дар кори семинар иштирокчии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон Карамулло Одилов иштирок ва баромад намуд. Ӯ иброз кард, ки ҳар сол Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои оромӣ сурат мегирад ва бешубҳа ҳама пешрафту нумўи давлати муосири тоҷикон аз файзу баракати Иҷлосияи 16-уми Шўрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарашма мегирад. Маҳз ҳамин ҳодисаи таърихӣ тавонист мавқеи кишвари азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ маълум ва машҳур гардонад ва ҳамаи моро ба дурандешиву бунёдкорӣ ҳидоят намояд.
Ҳамчунин, ба ифтихори Рӯзи Президент ва 27-солагии Иҷлосияи тақдирсоз дар факултети бизнес ва идоракунӣ ва кафедраи забони русии факултети молия мизҳои гирд ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ озмуни “Донандаи асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” баргузор гардиданд. Донишҷӯён бо навиштани эссе ва таҳлили мухтасари асарҳои Пешвои муаззами миллат дониши худро санҷиданд.
Дар дигар кафедраву факултетҳо чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Президент ва 27-солагии Иҷлосияи тақдирсоз идома доранд.
Шуъбаи таҳлил ва робата бо ҷомеа






