Густариши ҳамкориҳои байналмилалии ДДҲБСТ бо муассисаҳои хориҷӣ

Санаҳои 17-24 ноябри соли 2024 мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ , н.и.ф., дотсент Шарипов Комилҷон Каримович ҷиҳати иштирок дар семинар-чорабиниҳои такмили ихтисоси методии омӯзгорони забонҳои хориҷӣ  ба шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея сафар намуд. Семинари мазкур бо дастгирии Сафоратхонаи Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷозати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таклифи Донишгоҳи миллии таҳсилоти байналмилалии шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея ташкил карда шуд.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо Ҷумҳурии Корея дар соҳаи маориф ва илм дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию техникӣ аз 12 апрели соли 2015 ва ҷаласаҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Корея, ки ҳамасола баргузор мегардад, ба роҳ мондааст.

Дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ моҳи марти соли 2024 бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафоратхонаи Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Сафоратхонаи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид. Дар асоси шарномаи мазкур дар назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Маркази омӯзиши забони кореягӣ ифтитоҳ карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки сафари мазкур бо дастгирии бевоситаи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафоратхонаи Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар доираи кушодашавии маркази забони Кореягӣ дар ДДҲБСТ амалӣ гардид.

Дар даври сафар Шарипов К. дар машғулиятҳое, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи сифати таълими забонҳои хориҷие, ки аз ҷониби намояндагони Донишгоҳи миллии таҳсилоти байналмилалии шаҳри Сеул, Донишгоҳи Висанги шаҳри Сеул, Донишгоҳи Кюнг Хи, Донишкадаи забонҳои хориҷӣ, Академияи Гуёнги забонҳои хориҷии шаҳри Пусан  ва марказҳои тестии забонҳои хориҷии шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея ташкил ва баргузор гардидааст, иштирок намуда бо таҷрибаи пешқадами донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея шинос шуд. Дар чорабиниҳои мазкур 32 нафар иштирокчиён-омӯзгорони забонҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Федератсияи Русия ширкат варзиданд.

                                     

 

You might also like