Иди парчам муборак!

мрӯз санаи 22.11.24 дар донишгоҳи мо чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипас, ҷаласаи пленарии конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Таъсиси ҶМШС Тоҷикистон ва сарнавишти таърихии тоҷикон” бахшида ба 100-солагии ташкилёбии Ҷумҳурии мухтори шуравии сотсиалистии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва илмию иҷтимоӣ меҳмонон – Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, доктори илмҳои филологӣ, профессор Тоҷибой Султонӣ, мудири шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон н.и.т., дотсент Ғафуров А.М., сарходими илмии шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илми таърих, профессор Ҳотамов Н.Б., профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики МДТ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Набизода В.М. иштирок доштанд.
Чорабиниро муовини ректор оид таълим Муминзода Ш.А. роҳбарӣ намуда, нахуст табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, доктори илмҳои филологӣ, профессор Тоҷибой Султонӣ қироат намуд.
Сипас, муовини ректор оид таълим Муминзода Ш.А. табрикоти ректори донишгоҳ доктори имлҳои иқтисодӣ Ҳошимзода Ҳ.Ҳ.-ро ба самъи ҳозирин расонида, аз он ҷумла таъкид намуд, ки “Таҷлили ин санаи фархунда дар замири ҳар фард эҳсоси ватандӯстиро афзун намуда, рамзи арҷгузорӣ ба арзишҳои ахлоқию маънавии кишвар ба ҳисоб меравад. Ба ин маънӣ Сарвари давлат таъкид намудаанд: “Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад.”
Сипас, аз рӯи барномаи ҷаласаи пленарии конференсия н.и.т., дотсент Ғафуров А.М., докторони илми таърих, профессорон Набизода В.М., Ғаффорӣ Н.У., Ҳомидзода Ф.М. дар мавзуъҳои “Кумитаҳои инқилобӣ – аввалин мақомоти давлатии ҶМШС Тоҷикистон,” “Тақсимоти миллӣ – ҳудудӣ ва таъсисёбии созмонҳои ҳизбию ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон,” “Баҳси тақсимоти ҳудудию миллии соли 1924 дар рӯзномаи “Овози тоҷик””, “Нақши Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва абадӣ гардонидани номи арбобони намоёни давлатии ҶМШС Тоҷикистон”маърузаҳои илмӣ намуданд.
Дар интиҳо қисмати адабӣ-мусиқӣ аз ҷониби хонандагони литсей ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

You might also like