СИЛСИЛАЧОРАБИНИҲО ДАР ДОИРАИ ҲАФТАИ КАФЕДРАИ ҲУҚУҚИ СУДӢ ВА НАЗОРАТИ ПРОКУРОРӢ
Мувофиқи нақшаи раёсати донишгоҳ оид ба ташкилу баргузор намудани “Ҳафтаи кафедраҳо” аз санаи 29.10.2024 то 11.11.2024 дар кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ силсилачорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мулоқоту вохўриҳо бо ҷалби намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, дарсҳои кушод, маҳфили илмӣ, семинари таълимӣ-методӣ, мизи мудаввар ва чорабиниҳои тарбиявии варзишӣ ҳисси худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандустии донишҷуёнро боз ҳам баландтар намуда, нисбати касби интихобнамудаашон боз як дилгармӣ бахшид. Ҳамзамон намоиши дастовардҳои кафедра (китобҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ, диплом, сипоснома, ифтихорнома, ҷоизаҳои варзишӣ) ба намоиш гузошта шуда, аз ҷониби устодони кафедра 110 адад китобҳо ба китобхонаи илмии донишгоҳ супорида шуд. Дар чорабинии мазкур ректори донишгоҳ д.и.и., дотсент Ҳошимзода Ҳ.Ҳ., муовини ректор оид ба таълим н.и.ҳ., дотсент Мӯминзода Ш.А., устодони факултет ва донишҷӯён иштирок намуда, чорабиниро бо гузаронидани викторина бо саволҳои вобастаи тахассусмандии кафедра ба донишҷӯён ва бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намудани онҳо ба роҳ монда шуд.
Давоми ҳафта дарси кушоди “Дуалӣ” дар Суди иқтисодии вилояти Суғд, аз ҷониби муаллими калони кафедра, муовини раиси Судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Исмоилзоида Р.А., “Муҳокимаи судии парвандаҳои иқтисодӣ” мувофиқи моддаи 39 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид.
Санаи 11-уми октябри соли 2024 конференсияи илми-назариявӣ таҳти унвони «Конститутсия – бахтномаи миллат», бо ибтикори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо факултети ҳуқуқшиносӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Конститутсия ва эълон гардидани соли 2024 – «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баргузор гардид, ки дар он сарнозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Каримӣ Ҳамза иштирок дошт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа