КАФОЛАТИ РУШДИ БОСУБОТИ ТОҶИКИСТОН – КОНСТИТУТСИЯ
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хусусияти мардумсолорӣ, эътирофи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, риояи тавозуни олии таҷзияи рукнҳои давлат аз ҷониби мутахассисони байналмилалӣ ба сифати яке аз беҳтарин конститутсияҳо дар арсаи ҷаҳон дониста шудааст, ки он мояи ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Конститутсия яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибихтиёрии давлат маҳсуб гашта, хусусияти хоси давлатдории миллии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро таҷассум ва дар худ моҳияти тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеаи тоҷиконро ифода менамояд.
Дар ҳақиқат, ҳар пешниҳоду ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзмарра буда, аз дастгирии қишрҳои ҷомеа бархурдор аст. Соли 2024-ро ҳамчун соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани Пешвои миллат бесабаб нест, зеро аз як тараф, ба пешвози 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, аз тарафи дигар, ин водор менамояд, ки огоҳии мардум ба қонуну қонуният, арзишҳои инсонӣ ва эҳтироми арзишҳои истиқлолияту ваҳдати миллӣ боло бардошта шавад[1].
Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон ба шахсиятҳои огоҳу ҷаҳонбинии васеъдошта ва созандаву бунёдкор эҳтиёҷ дорад, то он арзишҳои милливу соҳибихтиёриро, ки бо талошҳои таҳаммулпазиронаву пайгиронаи Пешвои миллат ва халқи соҳибтамаддуни он ба даст оварда шудааст, ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ доранд. Зеро маҳз ҳамин арзишҳо метавонад, давлатсозии моро дар олами мутамаддин муаррифӣ ва онро поянда нигоҳ дорад. Иҷрои талаботи Конститутсия ва дигар санадҳои ҳуқуқии давлат яке аз нишонањои ҳастии давлат маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, соли 1999-ро Пешвои миллат “Соли волоияти қонун ва ризоияти шаҳрвандӣ” эълон намуда буданд, ки аз дастгирии калони доираҳои илмии дохиливу берунӣ бархурдор гардида буд.
Соли маърифати ҳуқуқӣ ин давоми ҳамон тадбирҳое мебошад, ки ҳар фарди имрӯзаи Тоҷикистон ҳақшиносу адолатхоҳ бошад, аз ҳуқуқу озодиҳои худ огоҳ бошад ва дар мавридҳои зарурӣ онро дифоъ карда тавонад, манфиатҳои Ватану миллатро дар мадди аввал гузорад, дар ин ҷаҳони пурталотум, ноором ва пешгӯинашаванда манфиатҳои миллии худро дарк намояд ва бетарафиро пеша накарда, баръакс, барои ҳифзи арзишҳои миллии худ омодагӣ нишон диҳад. Ба мафҳумҳои ҳуқуқии ҳақиқат, адолат, қонуният, баробарӣ ва арзишҳои ахлоқӣ эҳтирому таҳаммулпазирӣ содиқ бошад. Донишу маърифати ҳуқуқӣ на танҳо барои ҳуқуқшиносону ҷомеашиносон, балки ба ҳар фарди ҷомеа зарур мебошад, то ки ҳуқуқу манфиатҳои худро ҳимоя карда тавонад.
Ҳар як меъёри Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои гуногуни муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим дароварда, дар асоси он якчанд қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои ҷорӣ қабул шудааст. Дар баробари ин, меъёрҳои Конститутсия мустақиман амал менамояд ва сарчашмаи асосии ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. Санадҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат намекунанд, эътибори ҳуқуқӣ надорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мафҳумҳои «инсон» ва «шаҳрванд» диққати махсус додааст. Аз ҷумла, дар моддаи 5 гуфта шудааст, ки инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ доранд. Ҳамчунин, боби дуюми Конститутсия пурра ба риоя, ҳифз ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон бахшида шудааст, ки ба рушду инкишофи ҳар фарди мамлакат мусоидат намуда, ба демократикунонии ҳаёти ҷомеа пурра созгор аст [6].
Аз ҳама бештар ба Консттутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки як санади роҳнамо ва танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ аст ва пешравию рушди кишвари мо ба он пайванди ногустарӣ дорад ва, бешубҳа, яке аз муқаддасоти миллӣ аст, эҳтироми беандоза дошта бошем.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, муайян намудани салоҳияту вазифаҳои мақомоти асосии давлатӣ ва муаррифӣ намудани Тоҷикистон дар муносибатҳои байналхалқӣ нақши калон дорад. Аз ин рӯ, донистану аз худ кардани меъёрҳои Конститутсия ба ҳар як шаҳрванди кишвар ҳатмӣ буда, маърифати ҳуқуқии онҳоро боло мебардорад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ҷаҳони муосири ҷаҳонишавӣ рушду пешрафт аҳамияти бесобиқа дорад ва аз ин ҳама халқу миллатҳои ҷаҳон пуштибонӣ менамоянд ва хосияти хуби динамикӣ дорад. Ҷаҳони имрӯзаро бе ҷаҳонишавии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа тасаввур карда намешавад. Яке аз хосиятҳои ҷаҳонишавӣ технологияи иттилоотӣ мебошад, ки ҳама аз он фаровон истифода мебаранд ва дар кору фаъолияти онҳо кўмаки калон мерасонад[5]. Вале, дар баробари тарафҳои мусбат мушкилоти ҷаҳоншавӣ хеле зиёд мебошад ва ин давлату ҷомеаҳои гуногунро бетараф гузошта наметавонад ва барои ҳифзи арзишҳои миллии худ талош мекунанд, то равандҳои номатлуби ҷаҳонишавӣ манфиатҳои миллии онҳоро зери хатар нагузорад ва суботи ҷомеаро, ки ба осонӣ ба даст наомадааст, вайрон насозад. Албатта, манфиати миллии ҳар як давлати соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, ҳифзи истиқлолият ва тамомияти арзии мамлакат буда, муҳимтарин неъмати истиқлолият суботи ҷомеа мебошад.
Имрӯз ҷаҳони муосир ба ғайр аз рушду пешравиҳои бесобиқа ба мушкилоти гуногун рӯбарў аст. Аз ҷумла, хатари ифротгароӣ ва терроризм ба ҳамаи давлатҳо таҳдид мекунад. Давлати мо имрӯз тамоми қудрату тавоноиро дорад, ки аз худ дифоъ намояд ва суботи ҷомеаро таъмин созад. Пешвои миллат дар яке аз баромадҳояшон қайд намуда буданд, маҳз муборизаи муштарак ва оштинопазир ба ин зуҳуроти номатлуб метавонад, моро аз ин мушкилӣ раҳо намояд. Дар баробари ин, донишу маърифати ҳуқуқӣ ташаккул дода шавад, то ҳар фарди ҷомеа хатари ин амалҳои номатлубро дарк намояд ва дар куҷое набошад манфиати миллии Ватани худро аз ҳама арзишҳои дигар боло гузорад [2]. Имрӯз Ватани азизи мо маҳз ба шахсони огоҳ, зирак, ҷаҳонбинии васеъдошта, ватандӯст ва таҳаммулпазир эҳтиёҷ дорад, то ин дастовардҳоро на танҳо ҳифз намоянд, балки рушду инкишоф дода, ба дастовардҳои нав ба нав соҳиб шаванд [4].
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ қайд намуданд: «Ҳамаи мо вазифадорем, дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза баҳри суботу амнияти кишварамон аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем». Вобаста ба ин дастуру супоришҳо моро лозим аст, ки дар байни қишрҳои ҷомеа корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ, суҳбатҳо ва конфронсҳои илмию амалӣ гузаронида, Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор љамъбаст намоем ва заррае ҳам бошад, дар устуворӣ ва бақои давлати маҳбубамон саҳмгузор шуда, барои саодатмандии халқамон масъул бошем [1].
Дар баробари ба даст овардани Истиқлолият халқи тоҷик ба марҳалаи сифатан нави инкишофи худ ворид шуда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт раванди дигаргуниҳои куллӣ оғоз гардид ва зарурати қабули конститутсияи нав ба миён омад, зеро қабули қонунҳои мутобиқ ба замон ва шароити нави таърихӣ яке аз омилҳои асосии суботи иҷтимоиву сиёсии ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Мусаллам аст, ки инкишофу пешрафти ҷомеа, хусусан, давлатҳои рушдёбанда, талаб менамояд, ки низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ таҳким ёфта, идоракунии давлатӣ боз ҳам муназзаму мукаммал ва самараноку пурмаҳсул гардад, то ки ҷомеа босуръат пеш рафта, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ беҳтар шуда, сулҳу ваҳдат ва қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ устувор ва мустаҳкам шавад. Рушди устувору босуботи ҷомеаи муосири Тоҷикистон низ ин талаботро тақозо намуда, барои боз ҳам такмил додани меъёрҳои Конститутсия замина фароҳам овард. Чӣ тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Конститутсияи мо аз андешаи ҳокимияти мардум ба василаи мардум ва барои мардум, ки ҷавҳари асли соҳибихтиёрии халқ аст, сарчашма мегирад”[3].
Ҳамаи ин баёнгари низоми демократии сиёсиву иҷтимоӣ дар кишварамон буда, ҳар як шаҳрванди мамлакатро водор месозад, ки Конститутсияро ҳамчун муқаддасоти миллӣ эҳтиром ва риоя намоянд, зеро ин заминаи асосии таъмини волоияти қонун, кафолат ва шарти аввалиндараҷаи суботу оромӣ, рушди иҷтимоӣ ва рӯзгори ободу осудаи ҳар як хонадони кишвар мебошад.
Юсупов Д.С.,
н.и.и., дотсент, мудири кафедраи кори бонкӣ.
Валиева Н. М., муаллими калони кафедраи кори бонкии
ДДҲБСТ