Хаёлҳои хом ва пучи хоинон
Тавре маълум аст дар саммити созмони САҲА, ки чанде пеш дар Варшава баргузор гардида буд, сарвари Паймони миллӣ хоин Муҳиддин Кабирӣ баромад намуда, аз давлатҳои Аврупо даъват ба амал овард, ки онҳо ба Тоҷикистон фишор оранд ва аз робитаҳои иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон даст кашанд. Кабирӣ боварии комил дошт, ки даъвати ӯро давлатҳои Аврупо дасгирӣ мекунанд.
Бале, Кабириро дар Аврупо баъзе рӯзноманигорон, ҳуқуқшиносоне, ки вазифаи худро дар фитнаю иғвоандозӣ мебинанд, дастгирӣ менамоянд, аммо нияти бад ба мақсад намерасад.
Роҳбарони ТЭТ ҲНИ боварии комил доштаанд, ки роҳбари Ҷумҳурии Тоҷикистонро ягон давлати Аврупо даъват ва қабул наменамоянд. Аммо, инҳо хаёлҳои хом буданд, ки ба он Кабирӣ боварии комил дошт.
Сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Фаронса ҳамон умеду орзуҳои Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакӣ ӯ Илҳом Ёқубовро барбод доданд.
Бояд қайд кард, ки давлатҳои Аврупо аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб огоҳ ҳастанд. Инчунин онҳо хуб медонанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии сиёсатмадори барҷаста, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои истиқлолият дар самти сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанг ба дастовардҳои назаррас сазовор гардидааст.
Ба ғайр аз ин, давлатҳои Аврупо хуб медонанд, ки Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалии умумибашарӣ, низ иштирок намуда бо ташаббусҳои ҷолиби диққат мунтазам баромад менамояд. Яке аз мисоли он, муаммои об мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ чор ташаббуси Тоҷикистонро вобаста ба об дастгирӣ намуданд.
Сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвоӣ миллат, Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои Иттиҳоди Аврупо бо натиҷаҳои басо хурсандибахш анҷом ёфтанд. Дар рафти мулоқотҳо роҳбарони давлат ва доираи соҳибкорони ҳарду давлат барои густариш додани муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Чунончӣ, ҳукумати Фаронса барои сохтани заводи нави алюминий дар Тоҷикистон, таъмин намудани ҷумҳурӣ бо чархболҳо, бунёд кардани маркази савдо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва чанде дигар таклифу пешниҳодҳо намуданд. Ҷараёни сафари Президенти Тоҷикистон Эмомадӣ Раҳмон нишон дод, ки давлатҳои Аврупо ҷонибдори инкишоф додани муносибатҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Нақшаю хаёлҳои хому пучи Кабирӣ ва ҳаммаслакони онҳо шикаст хӯрд. Кабирӣ хуб медонад, ки дар рафти сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳиллаю найрангҳои онҳо фош мегардад ва онҳо шармандаю шармсор мегарданд.
– Оре сарвари ТТЭ ҳизби наҳзати ислом Кабирӣ ва ҳаммаслаки ӯ Илҳом Ёқубов бо фитнаю найрангбозӣ мехостанд, муносибати давлатҳои Аврупоро бо Тоҷикистон вайрон намуда, робитаҳои байни онҳоро аз нигоҳи мақсадҳои разилонаи худ истифода намоянд.
Аммо хиёнаткорони миллат, наҳзатиҳои ифротгар бо роҳбарии Кабирӣ хато карданд ва нақшаҳои разилонаи онҳо барбод рафтанд.
Мо боварии комил дорем, ки душманони миллат наҳзатиҳо ба мақсад намерасанд, зеро давлатҳои Аврупо сиёсати созандаю бунёдкорона ва сулҳпарваронаи Тоҷикистонро бо сарварии Пешвои миллат эҳтиром мекунанд ва ҷонибдорӣ густариши муносибатҳои дӯстона мебошанд.
Очилова Ф.А. – сармуаллимаи кафедраи
ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнати ДДҲБСТ