Изҳороти кафедраи назарияи таърихи давлат ва ҳуқуқ нисбати кӯдакони баргашта аз чанголи “ДОИШ”
Мо аҳли устодони кафедраи мазкур ҳамарӯза тариқи васоити ахбори омма хабару руйдодҳои дохилӣ ва хориҷиро пайваста пайгирӣ мекунем. Имрӯз ҷаҳоне, ки ҳамаи мо зиндагӣ дорем дар ҳолати ниҳоят тарсу зулм қарор дорад.
Аз як ҷониб зуҳур ва реша давонидани ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ боиси ташвиши мардуми мусалмон гашта истодааст. Ингуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ аз номи дину мазҳаб баромад карда, мардуми мусалмонро гумроҳ месозанду ба мақсадҳои шайтонии худ истифода мебаранд. Аз ҷумлаи онҳо Давлати ба ном исломӣ Ироқу Шом аст. Хилофати сохтаву бофтаи руҳониёни мутаассиб ба сари мардуми на танҳо Сурияву Ироқ, балки кулли миллати мусалмон балоҳои азимеро ба бор овард. Тули ин солҳо тибқи омори расмӣ зиёда аз 1900 нафар шаҳрвандони мо ба сафи “ДИИШ” пайвастанд ва то ҳол дар бораи зинда ва дар кадом ҳолат будани онҳо иттилоотӣ аниқ маълум нест.
Он ҳазорҳо нафар шаҳрвандони рафтаи мо аз гумроҳи шомили ин давлати ба ном исломӣ гашта, бо зану фарзанд ва аҳлу оилаии худ муҳоҷират шуданд. Аз ҷумла айни ҳол даҳҳо тан занони тоҷик дар маҳбасхонаи Ироқ барои иштирок дар набардҳои ҷанги дохилаи давлати Сурия ҳукм гирифтаанд ва фарзандони онҳо дар миёну осмону замин монданд. Хушбахтона давлати мо он кудакони бепарасторро ба ҳоли худ нагузошта ба Ватан баргардонд.
Дасти ёрӣ расонидан ба дармондагон, махсусан кӯдакони бепадару модар, дар ғарибӣ қарор дошта кори наҷиб, савоб ва қарзи виҷдони мардони асил аст. Иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ироқ баргардонидани 84 нафар кӯдакони тоҷик боз ҳам обрӯю эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ боз ҳам афзуд.
Аҳли устодони кафедраи назарияи
таърихи давлат ва ҳуқуқ ДДҲБСТ