Баргузории чорабиниҳо дар доираи ҳафтаи кафедраи ҳуқуқи маданӣ ва меҳнатӣ
Бо мақсади татбиқи сиёсати созанда ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташаккули шавқу рағбати донишҷўён барои аз худ кардани барномаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи донишандўзии онҳо ва муаррифии имкониятҳои зеҳниву ташкилии аъзои омўзгорон оид ба истифодаи технологияҳои муосири таҳсилотӣ, аз санаи 7-ум то 12-уми октябри соли ҷорӣ ҳафтаи кафедраи ҳуқуқи маданӣ ва меҳнатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба таълим, н.и.ҳ., дотсент Шероз Мўминзода ва меҳмонон аз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, Раиси Суди ноҳияи Шаҳристон Шуҳрат Аҳрорзода, прокурори шуъбаи назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии прокуратураи вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 3-юм Абдуқаюм Розиқзода, муовини сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, подполковники милитсия Шоҳинбек Фозилбекзода, иҷрокунандаи хадамоти иҷро дар ноҳияи Б. Ғафуров Равшан Бобоев иштирок доштанд.
Ҳамзамон, дар доираи ҳафтаи кафедра вобаста ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 30 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мулоқоту вохўриҳо бо ҷалби намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, дарсҳои кушод, маҳфили илмӣ, семинари илмӣ – назариявӣ ва чорабиниҳои тарбиявии варзишӣ баргузор гардиданд.
Дар анҷом, аз ҷониби муовини ректор оид ба таълим, дотсент Мўминзода Ш.А. доир ба баргузории чорабиниҳои пешбинигаштаи ҳафтаи кафедра натиҷабардорӣ гардида, барои дар оянда баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи донишгоҳӣ тавсияҳои судманд дода шуд.
Ҳамчунин, ба ғолибони чорабиниҳои ҳафтаи кафедра, ҷиҳати иштироки фаъолона сипосномаи раёсати факултет супорида шуд.